KGU

МАҲФИЛИ ЗАБОНШИНОСОН ДАР ДОНИШГОҲ

МАҲФИЛИ ЗАБОНШИНОСОН ДАР ДОНИШГОҲ 07.04.2021

МАҲФИЛИ ЗАБОНШИНОСОН ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», таъкид гардидааст, ки «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад». Барои татбиқи ин нишондодҳо дастур дода шудааст, ки донишҷӯён бештар ба озмунҳо ва маҳфилҳои фанӣ фаро гирифта шаванд.
Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бо сарварии донишманди ҷавон докторанти PhD Умедҷон Иззатов нахустин маҳфили донишҷӯёнро унвонии “Забоншинос”, доир намуд. Мавзӯи умумии маҳфил “Аҳамияти омӯзиши забонҳо дар замони ҷаҳонишавӣ” буд.
Дар ин ҷамъомад, ки ҷанбаи ташкилӣ дошт маҳфил ба бахшҳои алоҳида фасл гардид: Бахшҳои забони тоҷикӣ, забони русӣ ,забони англисӣ ва забони олмонӣ. Вижагии ин бахшбандӣ дар он буд, ки аз ҳар як факултаҳои филологӣ донишхоҳон корҳои пажӯҳишӣ бурда, онҳоро ба маърази муҳокимаи аъзои маҳфил пешниҳод мекунанд. Омӯзиш ва муҳокимаи маърӯзаҳо мавзӯҳои зеринро дар бар гирифтанд:
«Сайри таърихии забони форсӣ-тоҷикӣ дар миёни забонҳои ҳинду аврупоӣ», ховаршинос, устод Зафар Мирзоён
«Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии миллат аст» - донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистика Фазилатмоҳ Барфакзода.
«Муҳим будани забони русӣ дар ҷомеа» - донишҷӯи курси 1-уми факултети филологияи рус Абдулло Асроров.
«Барои чӣ ман забони англисиро меомӯзам?» - донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ Мавзуна Одинаева.
«Аҳамияти забони олмонӣ дар замони муосир» - донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ Бибинур Бозорова.
Маърӯзаҳо хеле ҷолиб буда, бо як таваҷҷуҳи хосса шунида шуданд. Иштирокдорони маҳфил ниҳоят фаъол буда, дар муҳокимаи мавзӯъҳо ҳеҷ кас худро дар канор намегирифт.
Пас аз баромади пажӯҳишгарон суолҳои зиёд ба миён гузошта шуданд, ки аз ҷониби сухангӯён ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Пурсишҳои донишҷӯёни забонпараст бештар дар атрофи покии забони тоҷикӣ, роҳҳои омӯзиши дурусти он, донистани забонҳои русию англисӣ, барои ворид гардидан ба технологияи муосир, фарҳанги гӯиш бо забони адабии тоҷикӣ ва монанди он сурат гирифт.
Дар зимн як қатор пешниҳодҳои хуб барои беҳсозии маҳфилҳо баён гардиданд. Аз ҷумла пешниҳод гардид, ки силсиламақолаҳои пажӯҳишии устод Зафар Мирзоён, ки дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расида буданд, нусхабардорӣ гардида, ба аъзои маҳфили Забоншинос дода шаванд.
Мебояд низ қайд кард, ки сатҳи забондонӣ ва ташаббускории сардорони бахшҳо Барфакзода Фазилатмоҳ, Асроров Абдулло, Мавзуна Одинаева ва Бибинур Бозорова хеле баланд буд.
Тасмим гирифта шудааст, ки ҳафтаи оянда маҳфилҳои Омӯзгорони ҷавон, Ҷомеашиносон, Иқтисодшиносон, Табиатшиносону риёзидонон ва Рӯзноманигорон ва якчанд маҳфилҳои дигар доир хоҳанд шуд.

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)     Возможно, это изображение (14 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Возможно, это изображение (3 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (18 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list