Соли сеюм аст, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саросари кишварамон гузаронида шуда истодааст. Ин Озмун ба ифтихори Ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Дар амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чуни омадааст, ки: “Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад”.
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар байни даҳ факулта аз рӯи нақшаи муайян гузаронида мешавад.
Озмун аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида нахуст дар факултаи Омӯзгорӣ ва фарҳанг, ки роҳбари маҳфил устод Бегиев Шариф мебошанд, оғоз шуд. Озмун аз рӯи чор номинатсия- адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, эҷоди порчаҳои назму насрӣ, бо иштироки 28 донишҷӯёни курсҳои 1 то 4 дар бар гирифт. Аз 28 нафар иштирокчиён 9 нафар ғолиб дониста шуда, ғолибон ба даври Донишгоҳӣ пешбарӣ гардиданд.
Маркази матбуотӣ