Санаи 10.04.2021 дар факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявии умумидонишгоҳии магистрантон ва докторантони PHD дар мавзӯи "ПРОБЛЕМАҲОИ АКТУАЛИИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН" баргузор гардид. Ин конференсия ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" бахшида шуда буд.
Конференсия аз се бахши зерин иборат буд: “Проблеммаҳои ҳозиразамони математика ва методикаи таълими он”, “Физика ва усулҳои ҳозиразамони таълими он” ва “Технологияи иттилоотӣ -инноватсионӣ ва маҳорати педагогӣ дар раванди таълим”.
Дар Конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Рафиев Сафархон иштирок карда, суханронӣ намуд.
Ҳамчунин муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ Холиқзода Айниддин суханронӣ намуда, иброз намуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, рўзи 26-уми декабри соли 2019, солҳои 2020-2040 ро - "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон намуданд.
Ба конференсияи умумидонишгоҳӣ беш аз 70 мақолаҳои устодону олимон, докторанту аспирантон, магистранту донишҷӯёни факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пешниҳод гардида буд.
Гуфта шуд, ки маводи конференсия дар шакли китоби алоҳида ба чоп хоҳад расид.
Маркази матбуотӣ