KGU

ДАР МЕҲМОНИИ МО

ДАР МЕҲМОНИИ МО 16.04.2021

ДАР МЕҲМОНИИ МО

Дирӯз ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ адиб, шоир ва таърихшинос Муҳтарам Ҳотамзода бо ҳунарманди шинохта Баҳодур Неъматов ташриф оварданд. Ташрифи меҳмононро ба Донишгоҳ ноиби ректор оид ба таълим, номазади илмҳои филологӣ Холиқзода Айниддин хайрамақдам гуфтанд. Вохӯрии меҳмонон бо донишҷӯёни факултаҳои филологияи тоҷик, таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ гузаронида шуд, ки шоир Муҳтарам Ҳотам аз ашор ва эҷодиёти тозаи худ дар атрофи мавзӯҳои ватандӯстӣ баромад намуданд. Дар поёни ин нишасти хотирмон таронасарои овозаманди эстрадаи тоҷик Баҳодур Неъматов бо таронаҳои худ дили нишастагонро шод гардонд.

Возможно, это изображение (1 человек и стоит)     Возможно, это изображение (16 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Возможно, это изображение (20 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list