KGU

ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ 26.04.2021

ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгохи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллохи Рӯдакӣ 27-30-ӯми апрели соли 2021 Ҳафтаи илм эълон карда шуд.
Аз рӯи барномаи он Конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корхои илми-таҳқиқотӣ дар соли 2020 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлагии Ҷумхурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (солҳои 2020-2040) баргузор гардид.
Конференсия дархӯри як қатор корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ шомили 1046 маърӯза буд. Дар он 459 маърӯза аз омӯзгорон, 433 маърӯза аз донишҷӯён ва 154 маърӯза аз магистрантон пешниҳод гардида буд.
Конфренсияро ректори Донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо кушода дар мавриди дастовардҳо ва комёбиҳои донишмандон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар соли 2020 ёдрас шуданд. Зимнан гуфтанд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ роҳандозӣ гардид, ҷойи 12-ӯмро ишғол намуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Холиқова Зайналбӣ - номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика дар мавзӯи “Ватан аз нигоҳи Мирзо Турсунзода” маърӯза намуданд.
Сипас Комилов Низомуддин номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз дар мавзӯи “ Таъсири буҳрони молиявии COVID-19 ба иқтисоди ҷаҳонӣ” маърӯза намуд.
Меҳрангез Мазарипова донишҷӯи курси 5-ӯми факултаи химия, биология ва география дар мавзӯи“ Истеҳсоли намаки ошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карданд.
Дар поёни ҷаласаи ифтитоҳии Конференсия, натиҷаи озмуни лоиҳаҳои иноватсионии донишҷӯён, магистрантон ва докторантони PhD, барои дарёфти грантҳои хурди Донишгоҳ эълон гардида, ба ғолибони озмун диплом, ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулӣ тақдим гардид. Кори конференсия аз соати 14:00 то 17:00 дар бахшҳои соҳавӣ идома ёфт.
Конференсия рӯзҳои 28, 29 идома ёфта рӯзи 30.04.2021 ба анҷом мерасад.

Возможно, это изображение (3 человека и люди стоят)     Возможно, это изображение (в помещении)

Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (2 человека и в помещении)

Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Маркази матбуотӣ


Back to the list