Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи «Сабабҳои сар задани низоъҳои оилавӣ ва роҳҳои ба эътидол овардани он» мизигирд доир гардид.
Мизгирдро муовини ректори Донишгоҳ оид ба тарбия Ҳотамшоҳ Назаров кушода, дар атрофи мавзӯи мавриди таҳлил, суханронии фишурда намуд.
Сипас паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъ аз тарафи омӯзгорони кафедраи равоншиносӣ, Набиева Муқаддас ва Изатова Нозанин баррасӣ гардиданд.
Дар конференсия ноибони ректори Донишгоҳ Рафиев Сафархон ва Шарофат Худойдодова низ суханронӣ намуданд.
Дар конференсии мазкур Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД ш. Кӯлоб Нозимова Фаришта иштирок ва баромад намуданд.
Мизигирд хеле шавқовар гузашта, дар тарбияи оиладории ҷавонон аз аҳамият холӣ набуд.
Маркази матбуотӣ