KGU

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЯКЕ АЗ БУНЁДГУЗОРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЯКЕ АЗ БУНЁДГУЗОРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ 26.05.2021

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ЯКЕ АЗ БУНЁДГУЗОРОНИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – яке аз бунёдгузорони Созмони ҳамкории Шанхай», бахшида ба 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳи ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда, ба аҳли нишаст аз таърих, фаъолият ва муваффақиятҳои СҲШ ёдовар шуд.
Мувофиқи барнома бо маърӯзаҳо устодон ва шогирдон баромадҳои зерин намуданд:
1. «Нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай» - маърӯзаи номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Гулчеҳра Муродова;
2. «Таърихи ташаккули Созмони ҳамкории Шанхай» - маърӯзаи ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Ҳакимшо Сафаров;
3. «Амалигардонии сиёсати ҳамкориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай» - маърӯзаи ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Некқадам Мирзоев;
4. «Дурнамои рушди ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар самти амнияти минтақавӣ» - маърӯзаи донишҷӯи курси сеюми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ Судоба Афизова;
5. “Фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай дар муборизаи байналхалқии зиддитеррористӣ дар Афғонистон ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала” – маърӯзаи донишҷӯи курси сеюми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ Сорбони Давлалатӣ.

Возможно, это изображение (12 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)     Возможно, это изображение (11 человек, люди стоят, люди сидят и в помещении)

Маркази матбуотӣ



Back to the list