Соли сеюм аст, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саросари кишварамон гузаронида шуда истодааст. Ин Озмун ба ифтихори Ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Дар амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чуни омадааст, ки: “Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад”. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” даври озмун аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида бо роҳбарии ҳакамонҳо доир гардид.
Озмунро ректори Донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда, ба ҳамаи иштирокчиёни даври Донишгоҳии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, барору комёбиҳо таманно намуданд.
Дар озмун 5 нафар омӯзгорон ва 40 нафар донишҷӯён иштирок карданд, ки 25 нафар ба даври шаҳри озмун роҳхат гирифтанд.
Маркази матбуотӣ