Саҳифаҳои интернетӣ ва ҷаридаҳои олам аз хиёнаткории “тоҷикони сохтае” ба монанди Кабирӣ, аъзои гурӯҳи 24 ва дигар пайравони онҳо ба ларза омад. Оре! Меларзаду метаркад ВАО, ки ин нобакорони лаини бедину бемиллату бемазҳабу беимон дигар ба ягон аҷдод мутааллиқ нест ва худро шарманда кардаанд пеши оламиён ба он хотир, ки ба сӯи миллати худ санг партофтаанд, ҳарчанд, гуфтам, ку онҳо дигар аз ин миллат нестанд. Худ қазоват кунед: Кабирӣ худро пуштибони дину мазҳаб мепиндорад, вале дар Ирон дафтари корӣ дораду мусалмонон дар набард аст. Охир дину мазҳабфурӯшӣ аввалин хиёнат нест, ки ба виҷдони худ мекунӣ? Дигар ,барои як мард, ки дар ниҳодаш бухсу кинаву адоват ва ҷоҳу мансабталошӣ ғолиб омадаасту ғайр аз курситалабӣ ҳавое дар сар надорад, боз чиро мунтазир шудан мумкин аст? Ё ин ки барои як миқдор маблағу пули ночизе дунболи хориҷиён гаштаву зориву талбандагию надомат кардан ба хотири чист? Боз шарм накарда аз Ҳукумати Тоҷикистон, ки ҳамаи тадбирҳоро барои беҳбуди рӯзгори мардумаш мебахшад, ин рӯсиёҳи палид интиқод мекунад? Мо дар давлати раиятпарвару озодихоҳ, бо дили саршор аз меҳру муҳаббат ба ҳамватанон зиндагӣ дорем, фақат андӯҳи гарону ангушти зиёдатиамон ҳамин лаънатиҳое ҳастанд, ба номи мубораки тоҷик иснод овардаанд. Моро модари тоҷик ба дунё оварда, бо шири ҷонфизояш ба қалбамон эҳсоси меҳру муҳаббат ба ифтихор аз бузургону авлоду аҷдодамонро ҷой додааст. Ҳамин садоқату меҳр аст, ки дигар ба чунин сияҳкороне чун аъзои ПШТ мехоҳем дар муборизаи беамон бошем, охир барои мо обрӯю нуфузи диёр ва ҳар шаҳрванди содиқу вафодори он арзиши баланд дорад. Аз ин рӯ, дар суҳбатҳои ҳамешагиамон даъъват ба амал меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, бовар накунед. Зеро ҳамин душманони дохиливу берунӣ буданд, ки аз комёбиҳои соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистонон дар харос буданд ва намехостанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон хукмфармо бошад. Бо ин мақсад онҳо бо ҳар гуна туҳмату дасисаҳо тавонистанд, ки ҷанги бародаркушро, ки онро ҷанги шаҳрвандӣ меноманд дар фазои Тоҷикистон бархезонанд. Онҳо аз ин фурсат истифода бурда, бародарро бо бародар ҷанг андохтанд. Хориҷиён тавонистанд миллати ба шӯр омадаро боз бо ҳамдигар ба ҷанги худкушӣ барангезанд. Аз миён рафтани давлат ва ба чанд қисм тақсим шудани сарзамини тоҷикон, яъне ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз харитаи сиёсии ҷаҳон барҳам хӯрдани Тоҷикистон дар назар дошта шуда буд. Ин омил боис шуд, ки фарзандони ин миллат бо чашмҳои хунгирифтаи худ якдигарро несту нобуд мекарданд. Ин солҳои мудҳиш бо ҳамаи кулфату азобу бадбахтиҳояш аз хотираи таърих ва ёдҳои мардуми тоҷик фаромӯш нашудааст ва ин Кабирии лаин боз ҳам кушиши дубора тафриқангезӣ мекунад, ки тираш, албатта, хок хоҳад хӯрд. Имрӯз мо, тоҷикон аз ҳадяи яздони пок Президенти Ҷумҳуриамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки масъулияти бузурги раҳоӣ кардани кишварро аз вартаи ҳалокат дар он солҳои вазнин ба дӯш гирифта қавл доданд, ки «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани ҳамаи гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам» сипосгузорем. Дар воқеъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дуруст қайд намудаанд, ки «Мо ба остонаи сулҳ бо ранҷу азобҳо, заҳмату машақатҳо, табодули афкори тарафайн, музокироти тулонӣ ва баҳсҳои дурру дароз расида, оқибат осоишу амнияти кишварро таъмин намудаем» ва боиси ифтихори мардуми тоҷик аст, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ, қисми зиёди кишварҳои ҷаҳон ва мақомоти олии давлатҳои гуногун ҳамчун як падидаи нодир ва ибратомўз ва “формулаи сулҳ”пазируфта шудааст. Пас, Шумо, Кабирии палид, дигар худро азобу машаққат надиҳед, дигар касе ба ту, хиёнатпеша, эътимод намекунад ва шояд ки ту низ дигар рӯи Ватан набинӣ ва дар ҳасрати хонаи ободу ёру дигар дур аз Ватан бимирӣ! Нест бод паймони паймоншикане бо чунин афроди чун ту палиду нобакор!
Ш. Худойдодова
ДДК ба номи А. Рӯдакӣ.