KGU

ЭКСТРЕМИЗМ, ТЕРРОРИЗМ ВА ТАҲДИДҲОИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

ЭКСТРЕМИЗМ, ТЕРРОРИЗМ ВА ТАҲДИДҲОИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР 11.10.2021

ЭКСТРЕМИЗМ, ТЕРРОРИЗМ ВА ТАҲДИДҲОИ ОН ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни экстремизм ва терроризм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар шароити имрӯза аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ васеъ паҳн гардидааст. 
Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон низ экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша медавонад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва афкори терористӣ ва экстремистии худро аҳкоми динӣ унвон медиҳанд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури ҳассоси динии мардум равона гардида, ки ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкомӣ он надорад. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хоинии онҳо дарак медиҳад. 
Имрӯзҳо, мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи исломӣ ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки хислати ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ ба ислом хос аст. Ин андеша мутлақо ғалат аст. Зеро Қуръон, ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарӣ, бародарӣ, озодӣ, амният ва ваҳдат бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо тамоми зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид менамояд. 
Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва чандин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ муқобили ин падидаи номатлуб ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳои террористӣ ва инсонҳои ифротӣ гӯш надиҳанд. Ба қадри ин сарзамин – Ватан, ки зи дурии замонаҳо ба мо расидааст, расида, онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, арзишҳои демократию миллӣ ва диние, ки бобоёни мо эътиқод доштанд, нигаҳ дорем. Ҳама якҷоя ба муқобили ин падидаи номатлуб камари ҳиммат баста, мубориза барем.


Баҳриддин МУРОДОВ, н.и.ф., мудири кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ.



Back to the list