Инҷониб ҳарзаофариниҳои дар камини зиддимеҳанӣ ҷой гирифтаро гапи пӯчу беақлона медонам. Онҳоро ҳар як раҳгузари аврупоӣ аз беақлон медонанд. Ва мо низ чунин мешуморем. Иддаои ин гурӯҳаки беватан чунин аст:
Зиндониёни сиёсиро озод кунед.
Хукуматро аз хонаводааш озод намоед.
Фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва гурӯҳи ҷунбишҳо озод бошад.
Ҳукумат ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва ҳукқуқи башар пойбанд гарданд.
Шаҳрвандони бепаноҳи Афғонистон дар кишвар ҷой дода шаванд.
Онҳо аз озод кардани зиндониёни сиёсӣ сухан мегӯянд. Киёнанд он зиндониёни сиёсӣ?
Ҳамонҳое, ки ба даст силоҳ гирифта ба ҳамдигаркушӣ даъват мекарданд?
Ҳамонҳое, ки занонро ба зери чодар афканда, мардумро аз прогресси илмӣ – техникӣ ҷудо карданӣ буданд?
Ҳамонҳое, ки ҳуқуқи инсон буданро пули пӯчак медонанд?
Ҳамонҳое, ки таассуби динӣ мағзҳои сарашонро хурдааст ва гирифтори бемории фанатизми динӣ мебошанд?
Ин беморон зидди он мебошанд, ки аз хонадони Президент ягон кас дар ҷараёни давлатсозиву миллатсозӣ набошанд. Бигӯянд, ки Рустами Эмомалӣ ягон кори ношоиста кардааст? Бо сарварии ӯ шаҳри Душанбе гулистон гаштааст ва бо сарварии ӯ масъалаи таъмини манзили истиқоматӣ рӯ ба ҳалшавӣ ниҳодааст.
Ё муҳтарама Озода Раҳмон кадом кори Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакатро иҷро накардааст? Кори Дастгоҳ бо як назми олӣ дар ҷараён аст ва ин аз қабули шаҳрвандон, вокуниш ба мақолаҳои интиқодӣ, посух ба арзу шикоятҳои шаҳрвандон, рафти корҳо, сафарҳои кории Пешвои миллат ва садҳо иқдомоти дигар ҳувайдост.
Фаъолияти ҳизбҳо озоданд, аммо на ҳизбҳои экстремистии дар зери бағал силоҳ пинҳон дошта.
Кадом меъёрҳои ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи башар риоя нагаштаанд? Мушаххасан чизе гуфта наметавонанд.
Дар мавриди дар кишвар ҷой додан ба шахрвандони бепаноҳи Афғонистон чунин гуфтаниам, ки ҳамин ҳоло ки муҳтарам Президент дар Аврупо назди сарони кишварҳо меравад, барои ҳал кардани масъалаи Афғонистон мебошад. Мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ вақт тоҷикони Афғонистон пуштибони дигаре надоштанд. Он кас медонанд чӣ кор кунанд. Шумо гунаҳкорони беватан, ба корҳои давлатдории мо мудохила накунед. Шумо дар сафи лаънаткардагони халқу миллат ҷой доред.
Коваи Пиракзода – коршиноси масоили сиёсӣ.