Ҳамчун инсон ба дунё омадан, ҳамчун инсон зистан ва ҳамчун инсон аз дунё рафтан рисолати инсони асил мебошад. Чун ба саҳифаҳои таърих назар меафканем, хушбахтона, ин гуна инсонҳоро мебинем ва туфайли ҳастии ин марвориди беназир зиндагиро хушу гуворо мебинем. Ҳар як давру замон ба ҳастии ин нобиғагон эҳтиёҷ дорад ва онҳоянд, ки чароғафрӯзи имрӯзу фардои моянд. Ин зумра инсонҳо на барои худ, балки барои хушбахтии ҷомеа ҳастии хешро мебахшанд барои онҳо дар зиндагӣ ба ғайр аз инсон будан, соҳибмаърифат будан, умрро сарфи илм сохтан, нафърасони халқу Ватан будан дигар чизе арзиш надорад. Ин натиҷагириҳо аз маънои пурраи ҳаёт, чи гунае, ки аллома Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:
Ҳаёт аст дар оташи худ тапидан,
Хуш он дам, ки ин нуқтаро боз ёбӣ.
Агар з-оташи дил шароре бигирӣ,
Тавон кард зери фалак офтобӣ.
баҳраёб шуда, аз оташи қалби хеш шарор гирифта, ба зиндагӣ гармӣ ва равшанӣ бахшиданд. Инсонҳои поктинату бошараф некбину некмазҳар ҳар лаҳзаи умрашонро нисори саодату хушбахтии мардум месозанд ва ба зиндагӣ бо нигоҳи хайрхоҳонаю дилгарм назар меафкананд.
Мо аз он шукргузорем, ки чунин шахсиятҳои маҳбубу гиромӣ, бомаърифату ибратомӯз, зиндагиафрӯзу меҳрубон, саодатманду гиромитабор бо мо умр ба сар бурдаанду мебаранд. Яке аз чунин шахсиятҳои покдилу соҳибэҳтиром, дарёдилу соҳибфазилат ва ҳалиму ғамгусори дуру наздик академики Академияи илмҳои педагогии Федератсияи Руссия, профессори Донишгоҳҳои давлатии Бохтар ва Кӯлоб, инсони ба дилу дидаҳо ошно Ҷумъа Шарифов буданд.
Ҳаёти ин марди наҷиб аз як деҳаи хурди ноҳияи кӯҳистони Мӯъминобод (деҳаи Қипчок) оғоз ёфта, парвози баланди ӯ ба дуриҳои дур вусъат гирифт. Устод пайраҳаҳои зиёди ҳаёти пуртуғёнро, ки аз шебу фарозҳои афзун иборат буд, бо матонат, ҷасорат, шикебоӣ ва ғайрату ҳиммат гузошта, аз он кулбори хешро ғанӣ сохта буд.
Таҳсил дар мактаби деҳа барои Ҷ. Шарифов оғози фаъолияти илмомӯзӣ буд. Чун шавқу рағбати донишгирӣ ӯро ёвар гардид, дигар майлу хоҳишҳои бачагӣ ӯро фаромӯш сохтанд. Сухани устодон ба дили пурҳарораташ аланга меафканд ва ҳарорат ва таппиши онро баланд месохт. Агарчи солҳо басо вазнин ва шароитҳои рӯзгор басо нобасомон буданд, нерӯи тавонои ҷозибаи илм ӯро дар канор намонд. Баъди хатми мактаб ба факултаи физика – математикаи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, бо азму талоши қавӣ ба донишомӯзӣ идома бахшид. Ҳаёти донишҷӯии он аҳд бениҳоят душвору сангин буд. Оддитарин шароитҳо барои донишҷӯ намерасид, аммо тамоми душвориҳо назди иродаи ҷавонӣ соҳиббазм бечора монданд. Бо вуҷуди мавҷуд будани маводҳои таълимӣ бо дастгирӣ ва ёрмандии устодон барои фатҳи қуллаҳои нав ба нав роҳ пеш мегирифт. Донишгоҳ барои муҳассили ҷавон мактаби бузурги зиндагӣ гашт. Барои ҷавони боғайрату ҷасур ва босабру тамкин ҳар як рӯзи умр самараҳои худро ба бор меовард. Ӯ соли 1962 донишкадаро бо ихтисоси омӯзгори фанни физика – математика хатм намуд ва бо роҳхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Камсомолобод (ҳоло Нуробод) ба кор фиристода шуд. Ҳаёти воқеӣ акнун оғоз ёфт. Ба қавли шоир:
Маёро базм бар соҳил, ки он ҷо,
Навои зиндагонӣ нармхез аст.
Ба дарё ғалту бо мавҷаш даромез,
Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст.
Устод бо тамоми ҳастӣ вориди дарёи пурситези зиндагӣ гардид. Талошҳои шабонарӯзӣ мекард, ки ба мақсади хеш – саводноксозии толибилмон комёб шавад, мутолиа мекард, таҷриба меомӯхт, озмоишҳо мегузаронид, то дурри мақсуд ба каф ояд. Албатта, натиҷаҳо дастрас мешуданд, аммо барои ӯ ин басанда набуд. Ҳадафи ӯ пурра баҳравар намудани шогирдон аз асосҳои илм буд. Пайи ин мақсад бо ҷисму ҷон талош мекард. Дар баробари машғул гардидан ба таълиму тарбия дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар иштирок менамуд. Ҳамзамон, бо масъулияти омӯзгорӣ ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул буд. Масъулияти котиби ташкилоти камсомолии совхози «Ғарм», ки роҳбарии онро Т. Улҷабоев (собиқ котиби КМҲКҶ Тоҷикистон) ба ӯҳда дошт, пеш мебурд. Шиносоии устод Ҷумъа Шарифов бо ин шахсияти сиёсӣ ба мафкураи ӯ таҳаввулоти тозаро ба бор овард. Баъди се соли фаъолият ӯ соли 1965 ба шаҳри Душанбе ба кор омад. Муддати як сол дар мактабҳои 55, 57, 15 омӯзгори ҷавонон аз фанни математика дарс гуфт. Маҳбубияти устод тадриҷан зиёд гардида, кордонӣ ва ташаббускорияш рӯ ба рушд доштанд, аммо бо сабаби нобасомонии ҳаёти оилавии онвақта маҷбур шуд ба зодгоҳаш баргардад.
Аз рӯи воқеият ӯ мебоист дар деҳот мезист ва ба рӯзгори оила расидагӣ мекард. Ин вазъ барои оядаи як ҷавони бофазлу дониш ва ояндабин хеле пурхатар буд. Ӯ волидонашро розӣ карда тавонист, ки фаълияташро дар шаҳри Кӯлоб идома бахшад. Ҳамин тавр аз соли 1966 сар карда, ҳаёти устод Ҷ. Шарифов ба донишкадаи азизаш вобаста гашт. Дар кафедраи методикаи таълими математика аз вазифаи ассистент то мудири кафедра кор кард. Дар раванди машғул шудан ба таълиму тарбияи донишҷӯён ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул гардида, ба навиштани тезисҳо, мақолаҳо, дастурҳои таълимӣ оғоз намуд. Соли 1973 ба аспирантураи назди Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дохил шуда, дар мавзӯи «Роҳҳои самараноки ташкили корҳои мустақилонаи хонандагон дар ҷараёни ҳалли масъалаҳои курси геометрия» бо роҳбарии бузургтарин математик-методисти замони шӯравӣ Р.С. Черкасов ба фаъолияти таҳқиқотӣ пардохт. Ва соли 1980 рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илмҳои педагогӣ гашт. Соли 1982 ба вазифаи декани факултети математика таъин шуда, барои пешбурди кори он тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар як муддати кӯтоҳ обрӯю нуфузи факултет зиёд гардида, сатҳу сифати кадрҳои омӯзгории ихтисоси математика баланд гардид. Аммо шавқу ҳаваси тадқиқот олими ҷавонро ором намегузошт. Аз ин рӯ, аз соли 1984 сар карда, ба навиштани рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Асосҳои дидактикии ташаккули малакаҳои кори мустақилонаи донишҷӯён дар ҷараёни таълим» шурӯъ намуд. Бо ин мақсад тӯли солҳои 1987-1989 дар донишгоҳи омӯзгории шаҳри Москва ба вазифаи ходими калони илмӣ адои вазифа намуда, таҳқиқоти пурарзиши хешро бо роҳбарии олимони варзидаи шӯравӣ мураттаб месохт. Рисола соли 1990 ба анҷом расид, аммо нооромиҳои сиёсӣ ва пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ анҷом ёфт. Вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дигар ба идома бахшидани корҳо имкон намедод. Баъди ба эътидол омадани низоми сиёсии кишвар Тоҷикистон тадриҷан ба ҳолати эътидол омада, ҳамаи соҳаҳои ҳаёт бо маҷрои навин ворид шуд. Соли 1997 устод рисолаи докторияшро ба муваффақият дифоъ намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои педагогӣ гашт.
Дар душвортарин лаҳзаҳо, ки аксар олимон тарки вазифа, касбият ва донишгоҳ намуданд, устод ба кори худ содиқ монд. Бо мушкилтарин рӯзгор умр ба сар бурд, вале ба кори худ идома дод.
Устод ба ҳамин тулӯи нав умедвор буд ва ин тулӯъ оғоз ёфт ва боз илму маориф ба низоми аввала баргашт. Пайваста мутолиа менамуд, мақолаҳо менавишт, таҷрибаҳо гузаронида, натиҷагирӣ мекард, шогирдонро дар роҳи корҳои эҷодӣ ва таҳқиқотӣ роҳнамоӣ мекард. Ӯ дар мудҳиштарин лаҳзаҳои ҳаёташ низ ба кори илмӣ машғул шуда, ҳаёту мамоти хешро дар он медид.
Бо тақозои замон соли 2000-ум устод барои кор ба Донишгоҳи давлатии Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) рафт, аммо ҳамкории хешро аз донишгоҳи азизаш Донишгоҳи давлатии Кӯлоб намеканд. Дар як замони кӯтоҳ дар таҷдиди Донишгоҳи давлатии Бохтар кӯшиш намуда, барои бо тавоноии гузашта барқарор сохтани он саҳм гирифт. Мақолаҳои илмии методӣ ва оммавии устод на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Москва, Киев, Алма-Ато чоп гардида, нуфузи илми тоҷикро баланд мегардонид.
Дар давоми умри пурбаракти хеш устод Ҷ. Шарифов бо унвонҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шудааст. Соли 1963 дар ноҳияи Комсомолобод ҳангоми ба кори омӯзгорӣ шуруъ намуданаш бо унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст. Соли 1979 бо унвони «Аълочии мактабҳои олии Иттиҳодияи Шӯравӣ», соли 1985 ба унвони «Аълочии маорифи Иттиҳодияи Шӯравӣ», соли 1991 «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 1998 «Муаллими соли донишгоҳ»-и Кӯлоб, солҳои 2000-2003 «Муаллими соли донишгоҳ (Курғонтеппа)», соли 2007 «Олими соли вилоят» сарфароз гардонида шуд. Аз соли 2007 академики АИПИ Руссия эътироф шудааст.
Бо роҳбарии профессор Ҷ. Шарифов ҳафт нафар унвонҷӯён-Қурбонҷон Одинамадов, Ҷамшед Шукуров, Холмурод Раҷабов, Давлатбӣ Муъминова, Ш. Мусаввиров, Р. Худойназаров, А. Пирназаров ва се нафар аспирантон- Ниёзов Ҷонмаҳмад Муродович, М. Акбарова, Парвонаи Усмон рисолаи номзадии хешро ҳимоя намуда, ба шоҳроҳи васеи илм ворид гардиданд.
Дар давоми фаъолияти зиёда аз 60-солаи хеш устод Ҷ. Шарифов зиёда аз 500 мақолаҳо, 120 дастуру монографияҳо, 9 китоби дарсӣ барои муассисаҳои миёна ва олӣ таълиф намуда, барои илм ва маорифи тоҷик мероси пурғановате боқӣ гузошт.
Устод Ҷумъа Шарифов рӯзи 26.04.2021 баъди бемории начандон тӯлонӣ олами олами ҳастиро падруд гуфта, сафари охират карданд. Ба қавли Ҳаким Хайём:
Хайём, ки хаймаҳои ҳикмат медӯхт,
Дар кураи ғам фитоду ногоҳ бисӯхт.
Хайёти аҷал таноби умраш бибурид,
Даллоли азал ба ройгонаш бифурӯхт.
Ҳаёти устод барои шогирдон намунаи ибрат мебошад. Мактаби устод барои мо шогирдон, мактаби инсоният, илм, садоқат ба халқу Ватан, самимият ва арзишҳои инсонӣ ва маънавӣ мебошад. Ёди ӯ чун устоди ҳалиму меҳрубон, инсони соҳибдилу бофазилат, олими сермаҳсулу серкор, шахсияти муътабару соҳибэҳтиром дар қалби мо боқӣ мемонад. Ба ибораи шоир:
Мо намегӯем ӯ аз дори дунё рафтааст,
Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.
Ҷонмаҳмад НИЁЗОВ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,
Зафархон ИМОМОВ, декани факултети физика ва математика,
Шамсиддин ШАРИПОВ, муаллими калон