(дар ҳошияи Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2021)
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар марҳалае ироа гардид, ки барои мардуми шарафманди кишвари азизамон, Тоҷикистон, воқеан ҳам, марҳалаи таърихӣ, яъне халқи саодатманди тоҷик 30-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватанамонро бо ифтихор ва ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ истиқбол намуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуд. Паёми Пешвои миллат аз лиҳози фарогирии масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар замони қувват гирифтани рақобатҳои глобалии давлатҳои абарқудрат ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти башарӣ бо иқдомоти навин ҳуҷҷати арзишманд ва ҳидоятсозӣ мардуми кишвар маҳсуб мешавад, ки оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузошт.
Зимни ироаи Паём Пешвои миллат дар баробари масалаҳои болозикр, инчунин оид ба нақши ҷавонон дар рушду шукуфоии мамлакат ва масъулиятшиносиву кордонии онҳо бо ҳисси саршор аз меҳру садоқат ва боварии қотеона ба насли созандаву бунёдкор суҳбат рафта, ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи созанда, ояндаи давлату миллат ва қувваи пешбарандаи ҷомеа эътирф гардиданд. Чунончи “Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату ҳукумати мамлакат мебошанд.
Пешвои милат, бо қаноатмандӣ ва ҳисси мамнуният аз ҷавонони кишвар баён намуданд: “Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.
Ин нукот барои мо насли ҷавон боиси ифтихору сарфарозист ва гузашта аз ин аз мо масъулияти бузургро талаб менамояд, то ки мо ҷавонон нисбат ба ояндаи давлат ва миллати худ бетарафӣ зоҳир накарда, ҳамқадам бо қувваҳои солим ва созандаи ҷомеа дар ободӣ ва рушди он саҳмгузор бошем, ҳамсолон ва ҳамсафони худамонро аз гароиш ба гурӯҳҳои ифротӣ боз дошта, нерӯи онҳоро ба анҷоми корҳои судман, ба нафъи халқу Ватан равона созем.
Мусаллам аст, ки ҷаҳони муосир бо тазодҳову падидаҳои нави ба миён омада аз марҳалаҳои пешини таърихи башар комилан фарқ менамояд, ки ин дигаргунӣ дар заминаи раванди ҷаҳонишавии муносибатҳову арзишҳо ташаккул ёфтаанд.
Дар ин давра масъалаи ватанпарстӣ, ифтихори миллӣ, ҳифз ва нигоҳдошти арзишҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи ҳар шахси бонангу номус, алалхусус ҷавонон ба шумор меравад.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустин ба масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти зарурӣ зоҳир намуда, заминаҳои моддиро ҷиҳати рушди босуботи он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мустаҳкам гардонид. Бадастории Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастоварди беназири миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад, ки дар роҳи давлатдориву давлатсолорӣ баъд аз ҳазор сол маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик муяссар гардид, ки волотарин арзиш - Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард, таҳким бахшад ва дар заминаи он ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардаду ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона қадам гузорад.
Ин нуктаро афзуданием, ки яке аз масъалаҳои арзишманди даврони соҳибистиқлолии кишвар ташаккул ёфтани сиёсати давлатии ҷавонон ва давра ба давра фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби таѓйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мебошад.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд: “Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст”.
Баёни ин нукта ба маврид аст, ки тамоми тадбирҳои амалигардонидаи ҳукумати мамлакат, аз қабили ташкилу ба роҳ мондани озмунҳову маҳфилҳо ба хотири боз ҳам тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷавонон дар назар дошта мешавад.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём иброз доштанд: “...ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Бо асосгирии нукоти дар боло дарҷгардида иброз менамоем, ки Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як шаҳкитоби меҳр, садоқат, боварӣ ва умеди басо бузург барои наврасону ҷавонон ироа гардид.
Дар ҷавоб ба чунин ғамхории сатҳи баланд моро зарур аст, ки даст ба дасти ҳам дода, аз ҳарвақта бештар меҳнат кунем, кӯшиш намоем, ки донишҳои замонавӣ дошта бошем ва бо интихоби дурусти касб баҳри ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи Ватани азизамон саъю талош намоем.
Дар робита ба ин, сидқану самимона ва бо тамоми меҳри инсоние, ки дар вуҷуд мепарварем, иброз медорем, ки бо Пешвои муаззами худ ифтихор менамоем ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироа гардида дар назди худ чунин вазифагузорӣ менамоем:
- Қабл аз ҳама, бо эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ осори пурѓановати ниёгон ва таърихи гузаштаи миллати бузурги тоҷикро омӯхта, дар заминаи он донишу заковати замонавӣро аз худ менамоем;
- Озодиву соҳибихтиёрии кишварамонро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморада, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз месозем;
- Ватанро дӯст дорем, аз он ифтихор кунем, барои ҳимояи он омода бошем, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо меоварем;
- Дар шароити торафт шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ Ватан, модар, забон, фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ, инчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳову муқаддасоти милливу давлатиамонро моҳияти ҳаётан муҳим медонем ва барои пойдории ин муқаддасот камари ҳиммат баста онҳо ба таври ҳамешагӣ дифоъ менамоем;
- Ҳуввият ва андешаи миллиамонро васеъ намуда бо ақидаву гароишҳои бегонапарастӣ оштинопазир мебошем;
- Арзишҳои умумимиллӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишварро аз ҳамаи манфиатҳои дигар боло мегузорем ва онро пойдевори тарбияи ватандӯстӣ медонем.
Барои амалӣ намудани вазифаҳои гузошташуда, моро лозим аст, ки сараввал таърихи гузаштаи миллат, осори адабии гаронбаҳову оламшумули ниёгонамонро чун ганҷинаи пурарзиш ва манбаи тарбияву ташаккули инсони комил, сарчашмаи пурѓановат, ки дар масири садсолаҳо дар тарбияи маънавии миллати тоҷик ва мардумони дигар нақши пурарзиш бозидааст, омӯзем. Илмҳои замонавиро аз худ намоем ва ба ин васила дар амал тадбиқ намудани донишҳои омӯхтаамон дар пешбурди ҷомеа саҳмгузор бошем.
МУҲАММАДҶОНИ АБДУВОҲИД- муаллими калони кафедраи забони тоҷикии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб
БОБОЕВ БАХТОВАР- мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахасссисони ҷавони ДДК ба номи А.Рӯдакӣ