KGU

Пешгирии ифротгароӣ гарави рушди устувори кишвар

Пешгирии ифротгароӣ гарави рушди устувори кишвар 09.01.2022

Пешгирии ифротгароӣ гарави рушди устувори кишвар

Терроризм яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, дар содир намудани кирдорҳои бадқасдона, аз қабили таркиш, оташ задан, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон, нобуд кардани молу мулк, халалдор сохтани амнияти давлат, ҷамъият, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани шумораи зиёди аҳолӣ, таҷовуз ба ҳаёт ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат ва дигар кирдорҳои барои ҷамъият хавфнок, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, зоҳир мегардад.

Таърихи инсоният гувоҳи он мебошад, ки терроризм ва экстремизм ҳанӯз аз замонҳои қадим вуҷуд доштанд ва дар шаклу усулҳои гуногун содир мешуданд. Дар охири асри ХХ дар қатори дигар мушкилот, терроризм ва экстремизм ба зуҳуроти хатарноки умумибашарӣ табдил ёфтанд.

Дар радифи терроризм экстремизм низ яке аз ҷиноятҳои хавфнок мебошад ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (2 январи соли 2020, №1655) мафҳуми экстремизм ба тариқи зайл шарҳ дода шудааст: «Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст».

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадр инеъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳо ифарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифиТоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд. Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмониТоҷикистон карда шуд.

Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси олӣ аз 23.01.2015 сол гуфта шудааст:

«Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷидди буда, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёси содир карда мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилотҳои махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда ҳисси бадбини, нафрат аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили он шахс ҷой мекунанд. Ҳатто ба дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияш гузашт карда даст ба чунин кори зишт мезанад.

Ҳатто ташкилотҳои террористи пешаки маблағҳои калонро ба онҳо ваъда дода агар ту худро таркони ба биҳишт дохил мешави, аз ту то рўзи қиёмат пурсиш намешавад гуён фатво медиҳанд. Чашм ва дили он нобакор бо ин таъсирҳо кур гашта худро зинда ба зинда метарконад, ҳоло он, ки худкуши дар Қуръон манъ карда шудааст. Бояд дарк кард, ки мувофиқи таълимоти Қуръони Карим куштани инсони бегуноҳ ва рехтани хуни ноҳақ гуноҳест нобахшидани. Дар ин бора Худованд чунин мефармояд «Ҳар инсоне, ки бадқасдона инсонеро мекушад ҷояш ҷаҳаннам буда, дар онҷо то абад хоҳад монд». Аллоҳ ба ў ғазаб ва лаънату нафрин карда, барояш азоби алимро муқаррар мекунад (Қуръон 4; 93).

Оёти 151-сураи Анъом бошад куштани инсони бегуноҳро дар ҳама динҳои осмони мамнуъ сохтааст. Қобили қайд аст, ки ҷанговарони «Давлати ислмомӣ» набояд даъвои ҷиҳод кунанду худро муҷоҳид шуморанд, зеро хуни бегуноҳон ва бародарони мусулмони худро рехта аҳли хонадон ва хешону пайвандони онҳоро гирифтори дарду алам менамоянд.

Бори аввал ин амали нангин 34 сол пеш аз ин соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод, ки дар он 27 нафар бегуноҳон ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар захмдор шуданд. Масъулияти ин амали зиштро ташкилоти дар он вақт навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» ба уҳда гирифт ва дар ин ҷода нахустин тадбиқкунандаи чунин навъи террор ба шумор мерафт.

Амирхони Шарифхон-ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ


Back to the list