Дар муддати 30 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мову шумо шоҳиди ҳолем, ки аз файзи озодиву худихтиёрӣ шаҳри Хоруғи азизамон ба ҳеҷ ваҷҳ бенасиб намондааст. Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари давлат ба рушду тараққии ВМКБ, аз ҷумла шаҳри Хоруғ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба василаи маблағгузориҳои пайдарпай ва ҷалби шарикони рушд, онро ба шаҳри ҷавобгӯи талаботи маркази як вилоят наздик оварда тавонист.
Дар Хоруғ то даврони истиқлол ба ҷуз ду-се иморат, ягон бинои зебое, ки дархури шаҳр бошад, вуҷуд надошт. Бозор аслан набуд, як меҳмонхонаи нимвайрона вуҷуд дошт, ягона чорбоғаш ноороставу нопероста буд, де-се ошхона дошт, ки ғизои дуруст пешниҳод карда наметавонистанд. Ҳатто роҳҳои автомобилгарди шаҳр ҳамеша дар ҳолати садамаовар қарор доштанд.
Имрӯз агар симои шаҳри Хоруғро бо бист-сӣ соли пеш муқоиса кунем, тамоман манзараи дигарро мебинем. Роҳҳо васею асфалтпӯш шуда, чандин бинои баландошёна ва садҳо иморатҳои замонавии дигари зебову назаррабо шаҳрро ҳусну латофат мебахшанд, даҳҳо меҳмонхонаҳо бо таҷҳизоти муосир ба меҳмонон хизмат мерасонанд, бо иҷозаи ҳукумати кишвар чандин ташкилоти байналмилалӣ дар он фаъолият намуда, барои пешрафти соҳаҳои гуногун ба мақомоти давлатӣ мадад мерасонанд.
Маҳз дар ҳамин даврон эътиқодмандони мазҳаби исмоилия чанд маротиба ба дидори Имоми худ мушарраф гардида, айни замон аз озодона ба ҷо овардани расму суннатҳои мазҳабии худ дар ҷамоатхонаҳо бархурдор мебошанд.
Маҳз дар ҳамин даврон дар Хоруғ донишгоҳи давлатӣ ва Донишгоҳи байналмилалии Осиёимарказӣ таъсис дода шуданд, ки мардуми мо садсолаҳо дар орзуи чунин таълимгоҳҳои олӣ буданд. Хоруғиён имруз василаҳои муосиртарини ахбор ва алоқаро дар ихтиёр дошта, баракси даврони гузашта, ки роҳҳо шаш моҳ баста мешуданд, ҳоло тамоми фаслҳои сол 24 соат ба ҳар куҷое, ки хоҳанд бемонеа равуо мекунанд. Шабакаи нақлиётии дохили шаҳр шабу рӯз ба сокинон ва меҳмонон хизмат мерасонанд. Бозорҳову мағозаҳо пур аз молу коло, соҳибкорӣ дар авҷ, сармоядорӣ батадриҷ дар ҳоли ривоҷу равнақ!
Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён надорад. Шумо дар зиндагии ҳаррӯзаатон ин чизҳоро мебинед ва худатон шоҳиди сол то сол беҳтару хубтар гардидани ҳаёти худ мебошед.
Албатта, баҳс кардан мумкин, ки дар муқобили сармоядорон, шумори одамони қашшоқ бештар аст, муҳоҷирати меҳнатӣ зиёд шудан дорад, музди меҳнат ба зиндагӣ намерасад, беҳбуди ҳаёт асосан аз ҳисоби пули фиристодаи муҳоҷирони меҳнатист ва ҳоказо..
Аммо, дӯстони азиз, сохти капиталистӣ ё сармоядорӣ ҳамин аст: қашшоқ шудани аксари кулли аҳолӣ ва рӯз ба рӯз бойтар гаштани сармоядорон, ба олигархия ва монополист табдил ёфтани онҳо!
Мо хоҳем, нахоҳем, ҷамъият чунин аст ва то ба қуллаи баландтарини инкишоф расидан, ҳамин хел мемонад. Тарзи ҳаёти капиталистӣ барои инсоният чизи наву ногаҳонӣ нест. Барои фаҳмидани моҳияти он ба асарҳои асосгузорони сотсиализм ва коммунизм Карл Маркс, Фридрих Энгелс, Владимир Ленин, Иосиф Сталин муроҷиат фармоед. Ва инро ҳам дониста бошед, ки тарзи ҳаёти капиталистиро халқи Иттиҳоди Шуравии сотсиалистӣ, минҷумла Тоҷикистон, худашон ба сари худ оварданд. Аз ин шумор бадахшониён ҳам истисно нестанд, зеро таҳти таъсири бозсозии номуваффақи горбачёвӣ дар охири солҳои 90-уми асри гузашта дар муқобили ҳизби коммунистӣ созмонҳои демократихоҳи худро таъсис доданд ва сотсиализмро, ки барои мардуми бенавои Бадахшон беҳтарин сохти ҷамъиятӣ буд, барҳам доданд. Яъне, капитализми имрӯзаро қисми ба сохти сотсиалистӣ бадбини ҷомеа ба вуҷуд овард, ки имрӯз баъзе аз онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон истода, ба муқобили сохте гап мезананд, ки онро бо дастони худашон ба сари ҳамдиёронашон оварданд.
Аммо сохти сармоядорӣ дар марҳалаҳои аввали рушди худ ҳамин гуна аст, ки мо имрӯз на танҳо, дар Бадахшон, балки дар тамоми Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ, шоҳиди он мебошем.
Олами криминалии дар Бадахшон ба вуҷуд омада низ дақиқан паёмади зишти аз байн рафтани сотсиализм мебошад, ки бо нашъаҷаллобиву одамрабоиву муштзӯриву дуздиву сарватғундорӣ муборизаи беамон мебурд. Дар солҳои 80-уми асри мозӣ пояи ҳукумати шӯравӣ аллакай суст шуда буд ва бинобар ин, дар Бадахшон ҳам, ба мисли тамоми мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ, шахсони ҷиноятпеша ташаккул ёфтанд, ки баъдан ба пешвоёни гурӯҳҳои кӯчабозорӣ мубаддал гаштанд. Агар дар сатҳи ҳокимият коммунистони аз ҳизби худ рӯйгардонда ба буржуйҳои чашмгурусна тадбил ёфта, бо роҳи привитизатсия моликияти дар муддати даҳсолаҳо андӯхтаи давлати Шӯравиро бо нархҳои арзони хандаовар соҳиб шуда бошанд, саркардагони гурӯҳҳои кӯчабозорӣ даст ба нашъафурӯшӣ, роҳзанӣ, одамрабоӣ зада, онҳо низ аз ҳисоби макидани хуни халқи бечора барои худ сарвати гарон фароҳам оварданд.
Дар Бадахшон дар солҳои заволи Иттиҳоди Шӯравӣ амалан мансабдорони бевиҷдоне, ки даст ба ғорати молу мулки давлат зананд, набуданд. Роҳбарони ин замони вилоят Соҳибназар Бекназаров, Акбаршо Искандаров, Ғарибшо Шаҳбозов, Мамнур Қурбоналиев, Шодавлат Шодавлатов то охир ба принсипҳои коммунистии худ содиқ монданд, аксари кулли мансабдороне, ки дар командаи онҳо буданд, бо дасту дили пок вазифаҳои худро ба пасояндагон супориданд.
Ин дар ҳоле буд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ мубориза барои соҳиби тоҷу тахт шудан аз як тараф дар байни ҳизбҳову ҷунбишҳо ва аз тарафи дигар мобайни маҳалҳои Тоҷикистон батадриҷ авҷ мегирифт.
Бадахшон то охирин нафаси СССР ба ғояҳои сотсиализму коммунизм содиқ монд, то ба ин ҳад, ки ҳатто роҳбарии Кумитаи Марказии барои ҳукумат нодаркоршудаи онро ба намояндаи Бадахшонзамин Шабдолов Шодӣ таҳвил намуданд.
Аммо дар ВМКБ сармоядорони навъи дувум, ки асосан аз нашъаҷаллобон иборат буданд, (ба манзури қариб беназорат мондани сарҳад бо Афғонистон), дар муддати ниҳоят кӯтоҳ рушд карданд ва ба воситаи ришваю пора додан ба мансабдорони бевиҷдон ва таҳдиду зӯроварӣ ба аҳолии амалан беҳимоятмонда соҳиби нуфуз ва ҳокимияти ниҳонӣ гаштанд.
Ҷанги худкушии байни тоҷикон, ба сабаби таҷаммӯи нерӯҳои мусаллаҳи исломиву демократӣ дар ҳудуди ВМКБ, мавқеи ин навъ сармоядоронро мустаҳкамтар сохт, онҳоро аз сармоядори одӣ аввал ба лидер, баъдан ба сатҳи қаҳрамон (барои таъмин намудани неруҳои оппозитсионӣ бо паноҳгоҳу силоҳ) баровард!
Агар бовар накунед, ба қиссаи шоир Лутфишоҳи Додо "Хуки ёбоӣ" муроҷиат фармоед.
Ҳамин аст таърихчаи ин қаҳрамонон, ки ҳоло ҳам ё онҳо ё пайравони онҳо дар Бадахшон нуфузу манзалати худро аз даст додан намехоҳанд. Аммо ҳокимияти марказӣ вуҷуд доштани онҳоро барои худ хатари ҷиддӣ мешуморад, зеро онҳо, бахусус, дар шаҳри Хоруғ, риштаи ҳокимияти мутавозии худро бар мардум аз даст додан намехоҳанд.
Чаро? Зеро:
1. Аз даромадҳои ғайриқонунии худ маҳрум мегарданд;
2. Барои ҷиноятҳое, ки дар тайи солҳои гуногун аз дасташон бархостааст, дар назди қонун ҷавоб медиҳанд;
3. Аз дастгирии боқимондаҳои лидерҳои оппозитсияи шикастхӯрда, ки ба ҳар куҷои нуқоти дунё гурехта, пинҳон шуда, ягона умедашон ба сар задани инқилоб дар шаҳри Хоруғ ва доман задани он ба дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон мебошад, бенасиб мегарданд.
Ба ин се сабаби барои ҷону молашон ниҳоят муҳим, ин тоифа майдони фаъолияти худро ба ҳеҷ ваҷҳ холӣ кардан намехоҳанд, аниқтараш наметавонанд!
Барои ҳамин бо тамоми роҳҳо кӯшиш менамоянд, ки доираҳои нав ба нави одамонро, асосан наврасону ҷавонони бетаҷрибаро ба доми худ дароварда, бо ҳар гуна суханони мутобиқ ба табъи дили онҳо (аз қабили "машам исохга мардум" ('мо мардуми дигархелаем"), онҳоро фирефта, ба мақсадҳои муғризонаи истифода мебаранд.
Дар баробари ваъз хондан дар масъалаҳои сиёсӣ-мазҳабӣ, аз ҷумла, ҷавононро бо далелҳои бекориву ҳамасола баланд шудани нарху беадолатии иҷтимоӣ ва амсоли инҳо бар зидди ҳукумат таҳрик медиҳанд.
Ҳол он ки кор пайдо намудан дар шароити капитализм ба дараҷаи қобилият ва маълумотнокии худи одам вобастааст. Барои ҳамин Мавлоно Ҳозиримом дар чанд фармонашон таъкид менамоянд, ки замони ҳозир замони лаёқатгарост; инсон набояд ба як диплому ба як ихтисос иктифо намояд. Барои мисол, ҳоло садҳо нафар ҷавонони бадахшонӣ ба далели мутахассиси баланддараҷа будан дар даҳҳо ташкилотҳои байналмилалӣ, коргоҳҳои давлатҳои мухталиф ва ватанӣ бомуваффақият кору фаъолият доранд. Вале онҳое, ки кӯшо нестанд, намехонанд, касби ҳунар намекунанд, танбаливу бекориро шиори зиндагонии худ қарор додаанд, як умр эътисобу эътироз ҳам кунанд, барояшон касе кор нахоҳад дод. Зеро принсипи сотсиалистии "одам ба одам дӯст, рафиқ ва бародар аст" бо барҳам хӯрдани СССР аз оини ахлоқи башарӣ бардошта шуд! Ҳоло замони дорову муздур омадааст ва ҳар чи ба фоидаи капитализм нест, ба боди фано хоҳад рафт.
Дар масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатию пайваста баланд шудани нарху наво ҳам ягон беҳбудеро чашмдор шудан камоли нодонист. Сабаби муҳоҷирати меҳнатӣ сохта нашудани коргоҳҳову корхонаҳои саноатии ватанӣ мебошад. Бо бовари комил мегӯям, ки дунё аллакай ба давлатҳои истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда (хонда шавад: пулдор ва бепул) тақсим шудааст ва то ба вуқӯъ пайвастани ягон ҳодисаи бузурги иҷтимое (ба мисли инқилоби кабири сотсиалистии Ленин дар Русия ё инқилоби мадании Чин ва амсоли инҳо) он чунин боқӣ хоҳад монд. Давлатҳои абарқудрат бо тамоми роҳҳо кӯшиш мекунанд, ки дар давлатҳои камқудрат манбаъҳои калони даромад пайдо нашаванд; мардуми ин давлатҳо доимо муҳтоҷу дастнигар бошанд; қувваи кории худро ба рушди давлатҳои истеҳсолкунанда сарф намоянд; ҳаққи заҳмати сангини худро ба хонаводаҳояшон ирсол намоянд, то ки онҳо боз ҳам маҳсулоту маснуъоти ҳамин давлатҳоро харида, бозори истеҳсолии онро ривоҷу равнақ диҳанд.
Биноан, давлати мо бо тамоми ҷидду ҷаҳд метавонад танҳо корхонаҳои сабуки саноатии муштарак дошта бошаду халос; капитализми ҷаҳонӣ ба ҳеҷ ваҷҳ коргоҳҳои бузургро барои мо раво нахоҳад дид ва билфарз, агар чунин коргоҳе бисозем ҳам, он ба моли арзони давлатҳои абарқудрат рақобат карда натавониста, зуд барҳам мехӯрад.
Ба ин далелҳо, агар оппозитсияи аз ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон норозӣ ба сари қудрат ҳам ояд, он низ аз уҳдаи ҳалли масъалаҳои зикршуда намебарояд. Фақат ба як чиз дастёб мегардад: ба даст гирифтани ҳокимияти давлатӣ ва ба олигарху монополистони шаклан нав табдил ёфтан!
Аммо, онҳое, ки дар муддати солҳои 1990-1992 тамоми ҳокимияти Тоҷикистонро дар даст доштанду онро нигоҳ дошта натавониста, аз даст доданд, оё имрӯз, бо чунин парокандагиву афсурдаҳоливу худбохтагӣ онро дигарбора ба даст оварда метавонанд? Кӯшишҳои онҳо ҳаракоти буққаеро мемонад, ки дар ҳоли забҳ дасту по мезанад, вале барои халос кардани ҷони худ аз дасташ коре барнамеояд.
Бинобар ин, ба ҷавонони бадахшонӣ, ба ҳамдиёрони азизи худам, дӯстона, падарона, бародарона аз рӯи дилсӯзиву корогоҳӣ муроҷиат карда мегӯям, ки ба фиребу макри гургони борондида дода нашавед!
Вазъияти буҳроние, ки имрӯзҳо дар шаҳри Хоруғ ба миён омадааст, мутаассифона, бисёр риққатбор аст.
Онҳое, ки берун аз ҷумҳуриамон истода, мардуми Бадахшонро ба муқовимату истодагарӣ дар муқобили ҳукумат даъват менамоянд, амалан бо ҷони мардуми худ бозӣ мекунанд. Дар хотир дошта бошед, ки ба ғайр аз ақли солими шумо, сокинони шаҳри Хоруғ, айни замон ба шумо ҳеҷ кас, на аз хориҷ, на аз дохил, ягон ёрие расонда наметавонад.
Пир Носири Хусрав, маҳз дар ҳамин мавридҳо моро таълим медиҳад, ки:
Андар балои сахт падид ояд,
Фазлу бузургмардиву солорӣ.
Хоҳишмандам эҳсосро як сӯ гузошта, ба вазъият хунсардонаву ҳушмандона баҳо диҳед. Ҳукумати мамлакат бо гурӯҳҳое, ки ба фаъолияти мақомоти давлатии вилоятӣ ва шаҳрӣ дар Хоруғ мунтазам халал мерасонанд, дигар мадоро кардан намехоҳад. Барои боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо мақомот аз тамоми воситаҳои дар ихтиёри худ дошта истифода мебарад.
Бояд дар хотир дошта бошед, ки шумо дар муқобили машинаи пурқудрати ҳокимият ба ғайр аз сӯхтани тақдири худ ба ягон чизи дигар ноил нахоҳед шуд.
Агар дар ҷомеа оромию субот бошад, одам ба ҳар навъе ризқи худро пайдо менамояд, Худованди рӯзирасон агар як дарро бандад, сад дари дигарро мекушояд ва бандаи худро ҳеҷ гоҳ бенасиб намегардонад.
Вақте сулҳу салоҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, нигоҳ доштани ҳурмату эҳтироми инсонӣ, хоксориву фурӯтанӣ меъёри ахлоқ мегарданд, шаҳри мо, деҳаи мо, вилояти мо, дар маҷмӯъ давлати мо тараққӣ карда, зиндагиамон рӯз то рӯз беҳтару хубтар мегардад. Яъне беҳзистии мо ба ахлоқамон сахт вобаста аст. Ниятамон нек бошад, зиндагиамон нек мешавад, ниятамон бад бошад, зиндагиамон бад мегардад ва аз ҳамин дастоварду тараққие ҳам, ки айни замон дорем, бенасиб мешавем.
Ба умеди беҳрӯзӣ ва оромию осудагии Бадахшони азиз барои ҳар яки шумо фазл, бузургмардӣ ва солориро таманно мекунам.
Ато Мирхоҷа, шоир ва нависанда