Ваҳдату якдилӣ беҳтарин неъмати бебаҳо дар рӯи олам аст, ки дар заминаи он бунёдкориҳою гулгулшукуфоии Ватан аз он оғоз меёбад инро танҳо инсоне дарк менамояд, ки дорои ақлу заковат ва хиради волост. Агар мо ба таърихи ин ҳама зебогиҳои диёр назар афканем, мебинем, ки дар зарфи си соли соҳибистиқлолӣ мамлакати дар хуну оташ оғуштаамон ба яке аз кишварҳои орому осуда табдил ёфта, таҷрибаи беназири сулҳи тоҷикон аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои байналмиллалӣ эътироф гардидааст .
Боиси таассуф аст, ки рушду тараққиёти як кишвари орому осударо дигарон дидан намехоҳанд ва ба ҳар роҳу васила онро ба хуну оташ кашида, қасди аз байн бурдани онро мекунанд, ки инро дассисаи ҷоҳилгароӣ метавон гуфт.
Ҳодисаҳои рӯзҳои охир, ки дар кишвари ба мо дӯсту бародар Қазоқистон рух додааст, далели гуфтаҳои болост, ки ҳамаро дар ҳайрат овард. Боиси таассуф аст, ки чунин як миллати бо фарҳангу таърихи пурғановат дошта, имрӯз бо дастони худ ҳамаи он ободкориҳою созандагиҳои гузаштагони ҳудро ба коми оташ кашида истодаанд. Дер нест он замоне, ки аз ҳама ин кардаҳои худ пушаймон гардида, ба кори кардаи худ ангушти ҳайрат мегазанд, зеро, ки чунин бадбахтӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолии мо низ рӯҳ дода буд ва хушбахтона бо ташаббусҳои сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли худро пайдо намуд.
Мардуми шарифи тоҷикро зарур аст, ки ҳодисаҳои дар кишварҳои ба мо дусту бародарро бо чашми хирад дида, дар зери сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат ҷамъ гардида, аз он пуштибонї намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани ин кишвари биҳиштосо софдилонаю содиқона ҳизмат намоянд. Зеро, ки ободии кишвари азизамон аз ҳар яки мо вобаста мебошад.
Абдуразоқ Ҳакимов, мудири кафедраи иқтисодиёт корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ