KGU

ДӮСТОН, БО ҲАМ БИСОЗЕД, ИН ЗАМОНИ ВАҲДАТ АСТ!!!

ДӮСТОН, БО ҲАМ БИСОЗЕД, ИН ЗАМОНИ ВАҲДАТ АСТ!!! 09.01.2022

ДӮСТОН, БО ҲАМ БИСОЗЕД, ИН ЗАМОНИ ВАҲДАТ АСТ!!!

(Андешае чанд дар робита ба вазъи кунунии Қазоқистон)

Раванди сулҳи дилхоҳ кишвар рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсӣ аст, зеро осудагии кишвар ва миллат аз сулҳу суббот ва ҳамбастагӣ вобастагӣ дорад. Аммо, бо таассуф иброз менамоем, ки ба қадру қимати осудагӣ на ҳама кас мерасад.

Дар ин радиф, воқеаҳои фоҷеонаи имрӯзи Қазоқистонро зикр кардан мебояд. Давоми чанд рӯз аст, ки аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон аз минтақаҳои гуногун даст ба тазоҳурот зада истодаанд, ки ин ҳама хилофи қоидаҳои сиёсӣ ва ахлоқии ҷомеаи мутамаддин мебошад. Тавре мешоҳида мешавад, чандин маконҳо ба коми оташ рафта, мардуми зиёд талафот диданд. Таърих гувоҳ аст, ки ҷангу ҷидол, фитнаву фасод ҳеҷ гоҳ ба манфиати давлату миллат нахоҳад буд, чунки дар ин ҳангом вазъи иқтисодии давлат коста ва зиндагии мардум ноором мегардад. Бадбахтона, манфиати он ба гурӯҳҳои алоҳида, ки ҷанги таҳмилиро роҳандозӣ намудаанд, мерасад.

Бар он меандешам, ки мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз ин воқеаҳои таассуфангез дарси ибрат гирифта бошем, ҳарчанд заҳри ҳалокатбори онро солҳои навадум насли алоҳидаи кишварамон чашидаанд. Бад-ин андеша, воқеаҳои рухдодаистодаи кишвари бо мо дӯст Қазоқистонро маҳкум намуда, байти зеринро ҳамчун шиор пешниҳод менамоям:

Гӯшаи танги Ватан бошад зи паҳноҳо кушод,

Хонаи пасташ баланд аст аз ҳама қасри мурод (М. Ғоиб).

Шамшоди Ҷамшед мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list