KGU

ҲАЁТИ ЗЕБО АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ!

ҲАЁТИ ЗЕБО АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ! 09.01.2022

ҲАЁТИ ЗЕБО АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ!

Ҳар халқияту миллате пойдор буданаш аз худи ӯ вобастагии калон дорад, зеро мо агар нахоҳем як гурӯҳ ва ё нафари бегона наметавонад дар раванди зиндагонии мо мудохила намояд. Дур намеравем. Қазияи Қазоқистон ба ҳамаи мову шумо маълум аст. Дида истодаем, ки чи гуна бо мудохилаи гурӯҳҳои беруна ин мамлакат имрӯз нотинҷу ноамн гаштааст. Бо мудохилаи гурӯҳҳои нохалаф аз берун чанде пеш ҳоли кишвари Белорусия ва аз ин пештар ҳоли кишварҳои Сурия, Фаластин ва Афғонистон бисёр ҳам табоҳ гардида буданд. Ва имрӯз навбат ба Қазоқистон расидааст. Яъне аз ин бармеояд, ки агар миллат бо ҳам мутаҳид набошад, ҳар бегонае бо ҳар роҳу васила метавонад онро аз миён барад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз ҳамон гурӯҳҳои иғвоангез, ки аз берун мудохила мекунанд, ягон нафарашон дар байни мардуми фиребхӯрда қарор надоранд ва баъди ноором гардидани вазъият дигар коре ба мардуми ҷангзадаю пароканда ҳам надоранд. Зеро онҳо маблағҳои ҳангуфт гирифтаю худ орому осуда дар мамолики хориҷа зиндагӣ карда, баъди сар задани ҷанг онҳо ба мақсади нопоки худ расида, дигар коре ба миллати пароканда надоранд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ҳоли ҳозир мо хуб аз шуру ошубҳо ва беҳокимиятиҳо дар кишвари Қазоқистон огоҳем ва дида истодаем, ки худи шаҳрвандон ба сари худ чи нобасомониҳоеро оварда истодаанд. Ин пеш аз ҳама дар носозгории мардум дида мешавад. Ногуфта намонад, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар мо низ хоинон зиёд ба чашм мерасанд. Онҳо талош доранд, то мардуми тоҷик низ чун халқи қазоқ миллату кишвари худро нотенҷ созанд. Аммо хушбахтона, мо миллати бофарҳангу тамаддунофарем ва намегузорем, ки якпорчагии кишвари худ ба мамлакати ноором мубаддал гардад. Халқи мо солҳои ҷанги шаҳрвандиро хуб дар ёд дорад ва огаҳ аз он аст, шаҳди ҷангу ноороми чи гуна талх аст.

Ганҷинаи Сайализода, донишҷӯи соли 4-уми факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list