KGU

ИФТИТОҲИ НУҚТАИ ГАРМИДИҲӢ ДАР ХОБГОҲ

ИФТИТОҲИ НУҚТАИ ГАРМИДИҲӢ ДАР ХОБГОҲ 07.01.2022

ИФТИТОҲИ НУҚТАИ ГАРМИДИҲӢ ДАР ХОБГОҲ

Имрӯз дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси бевоситаи ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо нуқтаи гармидиҳӣ кушода ба истифода дода шуд.

Дар ҷамъомад раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат доштанд. Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда, иброз доштанд, ки обод намудани гӯшае аз Ватан қарзи ҳар як фарди ҷомеа аст ва дар назар аст, ки дар хобгоҳ баҳри истиқоматкунандагон боз як ҳаммоми замонавӣ бо шароитҳои хуб сохта ба истифода дода шавад. Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр қайд карданд, ки донишгоҳ дар тӯли фаъолияти чандинсолаи худ ба дастовардҳои бузургу назаррасе ноил гардидааст ва ман боварӣ дорам, ки сафи чунин комёбиҳову дастовардҳо вусъат меёбад.

Дар фарҷом ректори донишгоҳ кулли кормандону донишҷӯён ва шаҳрвандони шаҳри Кӯлобро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, таъкид карданд, ки дар соли навин кӯшиш менамоем, то сатҳу сифат ва раванди таълиму тарбияро дар донишгоҳ боз ҳам хубтару беҳтар созем.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар хобгоҳ зиёда аз 360 нафар донишҷӯдухтарон аз тамоми гӯшаю канори кишвар истиқомат мекунанд ва шароити хуберо доро мебошанд. 


Back to the list