KGU

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ 23.11.2021

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 24‑уми ноябри соли равон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, роҳбари Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ‑демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Шарифзода Гулрухсор, ноиби ректор оид ба таълим номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оѓоз намуда, ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрик намуда, қайд карданд, ки “Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Ҳамчунин, зимни сӯҳбат ректори донишгоҳ ба донишҷӯёне, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм‑фурӯѓи маърифат” ва “Тоҷикистон‑ватани азизи ман” сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён дар васфи Парчами давлатӣ порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Инчунин, аз ҷониби кормандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нурулло Холов барномаи фарҳангӣ бо сурудҳои ҷаззоб ба намоиш гузошта шуд.

 


Back to the list