KGU

ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ҲАСТАНД!

 ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ҲАСТАНД! 21.02.2022

ҶАВОНОН ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ҲАСТАНД!

Дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷавонони саодатманди кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз донишу малакаи хеш дар соҳаҳои гуногуни кишвар фаъолияти пурсамар намуда, барои рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта истодаанд. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва нерӯи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии Пешвои миллат ҳастанд. Мулоқотҳои пайвастаи Пешвои миллат бо ҷавонон собит месозанд, ки Роҳбари давлат ба нерӯи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати созандаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияти онҳо маҳсуб меёбад.

Масъалаи баланд бардоштани огоҳии сиёсии ҷавонон, худшиносиву ватандӯстии онҳо дар Паёми Президенти кишвар Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ишора шуда, ҷавононро бори дигар ба масъулиятшиносиву ватандӯстӣ даъват мекунад: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҷдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст».

Ифротгароиву терроризм пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол мегардонад. Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI падидаи бо номи “Терроризм” қувват гирифта, ба воситаи пурқуввати мубориза барои манфиатҳои сиёсӣ, идеологӣ ва геополитикӣ табдил ёфтааст. Террор аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тарсу ҳарос, даҳшат мебошад. Терроризм сиёсати тарсонидан, даҳшатафканӣ буда, ба одамон хатари марг ба миён меоварад. Муттассифона, рӯз то рӯз амалҳои террористӣ дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон зиёд гашта истодаанд.

Пӯшида нест, ки терроризм яке аз усулҳо ва воситаҳои муборизаи сиёсӣ буда, алайҳи мардуми осоишта, бегуноҳ бо истифода аз усулҳои зӯроварӣ (таҳдид, таҷовуз ва зӯроварӣ) нигаронида шудааст. Ҳадаф аз ин амали ваҳшиёна ноором кардани вазъи сиёсӣ, эҷоди бесарусомонӣ, паст задани обрӯи давлат, ба доми худ даровардан ва душман сохтани мардуми миллату мазҳаб ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, як калима, боиси нооромиҳо дар байни қишрҳои ҷомеа мебошад. Тайи даҳ соли охир дар ҷаҳон садҳо ҳазор сокинони осоишта қурбони ҳамлаҳои террористӣ ва ҳазорон нафари дигар маъюб шудаанд.

Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд. Террористон танҳо як мақсад доранд, ин ҳам бошад ба даст овардани маблағ ва боигарӣ мебошад.

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Мутаасифона дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна ҷавонони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Тоҷикистон дар баробари дигар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талош дорад, ки аз паёмадҳои номатлуби ин гуна амалҳо пешгири кунад. Аз ин рӯ, барои мубориза бо терроризму ифротгароӣ тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон, бояд масъулият эҳсос намуда, алайҳи ин падидаи зараровар якҷоя мубориза баранд. Ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, бояд донишу малакаи заруриро оид ба таъмини амнияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ дошта бошанд, то дар ҳар гуна фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ иштирок накунанд. Тавре ки Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохури бо ҷавонони кишвар, ки худи банда иштирок дошт таъкид доштаанд: «Ҷавонон бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошанд, ташаббусҳои созанда зоҳир намоянд, барои раҳгум сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад, ки дар ин ҳолат ҷавонони бонангу номуси мамлакат ҳушёриро аз даст надиҳанд. Илова ба мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳаёти мардумони сайёра ва амнияти давлатҳоро ҷиддан халалдор сохта истодаанд. Ҳаёти Тоҷикистони азиз, ҳифзи амнияти давлат, шаъну шараф ва номи неки Ватан, ҳифз намудани худро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир ва баланд бардоштани парчами кишвар, ҳифзи сарҳад ва якпорчагӣ ва сарзамини муқаддаси моро халалдор насозанд».

Тарбия ва ҳавасмандии насли наврас дар раванди фарҳанги миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таъриху мероси ниёгон, ба даст овардани истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ҳифз ва эҳтироми рамзу арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу бум, муҳаббат ба Ватан, риояи ватандӯстии миллӣ расму оинҳо аҳамияти калон доранд. Мо ҷавонони даврони Истиқлолият аз ҷанги шаҳрвандие, ки иқтисодиёти кишвари моро то даҳ сол ба қафо андохт набояд фаромуш созем ва моро мебояд аз сабақҳои таърихӣ холисона ва огоҳона ибрат гирем. Дар чунин давраҳои ҳасос моро зарур аст, ки муттаҳидию ваҳдати миллиро аз даст надода баръакс барои таҳкими он талош кунем. Инчунин, зиракии сиёсӣ ва ҳушёру бедор буданро фаромуш накарда, дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон, ҳисси ватандӯстию худшиносиро тарбия кунем. Аз чанд мушкилоти рӯзгор, ки дар муҳити зиндагии мо ҳаст ҳангома насохта, барои зиндагии шоистаи худ мубориза барем. Агар мо ҷавонон имрӯз ба қадри ин сулҳу ваҳдат ва оромию пешрафт нарасем фардо дер мешавад.

Наврӯз НОСИРӢ, номзади илми иқтисод, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list