KGU

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС 02.02.2022

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ САЙЁРИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии омӯзгорони муассисаҳои олии касбӣ, дар иртибот бо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2019, ки солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд, инчунин ҷиҳати такмил ва баланд баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳои касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси сайёри такмили ихтисосро аз рӯи ихтисоси физика ва математика, ки дар муддати 15 рӯз аз санаи 18 уми январи соли 2021 то санаи 3 юми феврали соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардида буд, ҷамбаст гардид. Дар маросими ҷамъбасти курси мазкур Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба таълим номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, Амиршоева Нозанин, мутахассиси шуъбаи таълими Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда ба 35 нафар иштирокчиёни ҷиҳати бомуваффақ гузаштани курс дипломҳо тақдим гардид.


Back to the list