KGU

БА ҚАДРИ ОРОМӢ РАСИДАН ДАРКОР АСТ!

БА ҚАДРИ ОРОМӢ РАСИДАН ДАРКОР АСТ! 23.02.2022

БА ҚАДРИ ОРОМӢ РАСИДАН ДАРКОР АСТ!

Шукр аз Худои якто, шукр аз ин кишвару ин давлати озодаву покизаву осуда, шукр аз Пешвои мардумии худ мекунам. Ман шукр мегӯям ин зиндагиро, ин фазоро, ин давлату ваҳдат ва ин неъмати худододро, ки барои ману ҳамватанони ман муяссар гаштаст. Лекин мегӯям, ки ҳайф ба он мардони номардоне, ки то ҳол хушбахтии давлату миллатро дида наметавонанд.

То кунун носипосоне ҳастанд, ки ҳар лаҳза мехоҳанд ин ҳама зебоӣ, осудаҳолӣ ва оромиши мардумро аз байн бибаранд, вале ба мақсуд намерасанд. Чунки дигар ин мардум-мардуми солҳои қаблӣ нестанд, ки ба ҳар гуна сафсатаҳо гӯш андозанд! Имрӯз хоинони ватан мехоҳанд ҷавонони моро бо суханҳои хушку холӣ ва пур аз нафрату кина мағзшӯи намоянд.

Ба ин шахсон танҳо манфиати худашон муҳим на зиндагии мардуми азияткашидаи солҳои 1991-1992.

Ин хоинони пастфитрат мехоҳанд, ки ба роҳи фиребу найранг миёни мардум мисли солҳои қаблӣ ҷангро ба роҳ гузоранд. Инҳо аз хоҷагони хориҷиашон маблағ гирифта, барои онҳо номус, Ватан, падару модар, зан ва ҳеҷ чизи дигар муҳим нест. Муроҷиати хоинони ватан дар ин шабу рӯз танҳо ба мардуми сарбаланди Бадахшон аст.

Ин амалҳои некро пеша кунед ба хусус ҷавонони сарбаланди Бадахшон, ба инҳо бовар накунед!

Боварӣ низ дорам, ки ҳеҷ як ҷавони солимақл ба гуфтаҳои хоинони ватан гуш намеандозанд.

Биёед пирӯзии хешро бар хоинони ватан шиор донем! Нагузорем дӯстии мову шуморо аз байн бибаранд. Он нафароне, ки имрӯз байни Ҳукумат тафриқа меандозанд, онҳо берун аз хориҷи кишваранд. Ё ин ки бо исми мустаъор баромад мекунанд. Чунки онҳо низ метарсанд, ки шояд рӯзе шавад, ки ба мисли Чоршанбе Чоршанбеев ба ватан баргарданду изҳори пӯшаймонӣ намоянд! Кори имрӯзаи Чоршанбе ба ҳама ҷавонон як дарс аст! Биёед, сулҳу суботи кишварро поянда нигоҳ дорем, нагузорем нохалафон оромии моро аз байн бибаранд! Хоҳони амниятем! Имрӯз миллати тоҷик шоҳиди оромиву озодагӣ ҳастанд!

Шукрона кунем, ки мо имрӯз озодона дар боғҳои ободу зебо ва дигар ҷойҳо сайругашт мекунем ва аз дигар мавзеъҳои зебои диёрамон дидан менамоем. Пояндаву ҷовид бод, оромии тоҷикон!

Шарипова Одинамо, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list