KGU

ТАШКИЛИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

ТАШКИЛИ ДАРСИ НАМУНАВӢ 14.02.2022

ТАШКИЛИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

Санаи 15-уми феврал дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии ассистенти кафедраи журналистика Муродов Ҷамил дар гурӯҳи 404-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид. Дар дарс Холиқова Зайналбӣ-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика, Алишери Абдулмаҷид мудири кафедраи журналистика, Зулфиев Гадомад-номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, Исмоилова Фарзона-номзади илмҳои филологӣ, Гадоева Фирӯза-ассистенти кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро муаллим Муродов Ҷамил оғоз намуда, оид ба мавзӯи дарс, ки “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ВАО” ном гирифта буд, суханронӣ намуд. Сипас, донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ оиди ин мавзӯъ баромад намуданд. Дар охир дарс бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира хотима ёфт.


Back to the list