Таърихи 4-уми март дар факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Модарон дарси тарбиявӣ-намунавии Ташрифи Шарифи Одиназода ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он дар гурӯҳи 211-и ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат баргузор гардид. Дар дарс Исуфов Дилшод-номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент, декани факултет, Холов Сино, ҷонишини декан оид ба таълим, Зарифзода Фаришта, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро муаллим Ташрифи Шарифи Одиназода оғоз намуда, қайд карданд, ки “Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор,чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ,бедорхобӣ пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад.” Сипас, донишҷӯён барномаи омоданамудаи хешро ки “Ҳаёт аз номи модар гирад оғоз” унвон гирифта буд, пешкаши ҳозирин намуданд.