KGU

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН 04.03.2022

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН

Санаи 5-уми март дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба рӯзи модарон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Модар сарчашмаи меҳру вафо” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, професссор Мирализода Абдусалом Мустафо, ноиби ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Худойдодова Шарофат, ноиби ректор оид ба тарбия Назаров Ҳотамшо, Хосият Вализода ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Нахуст сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзи модарон табрик намуданд. Зимни баромадашон ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки “Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.”

Сипас, як гурӯҳ донишҷӯдухтарон дар васфи зан-модар порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Дар қисмати фарҳангӣ кормандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов бо сурудҳои ҷаззоби худ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам карданд.


Back to the list