KGU

СИПОСНОМАИ АКАДЕМИЯИ ВАО БА ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ

СИПОСНОМАИ АКАДЕМИЯИ ВАО БА ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ 08.03.2022

СИПОСНОМАИ АКАДЕМИЯИ ВАО БА ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ

Санаи 9-уми марти соли равон дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинӣ таҳти унвони “Гуфтугӯи ду насл” баргузор гардид. Дар он ректори донишгоҳ доктори илми педагогика, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, роҳбари Муассисаи давлатии телевизиони “Илм ва табиат”, ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон, директори Муассисаи давлатии телевизиони Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Пайк” Аҳмади Иброҳим ва дигар рӯзноманигорону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст сухани шодбоширо ректори донишгоҳ оғоз намуда аҳли қаламро ба Рӯзи матбуот табрик намуданд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ як қатор омӯзгорону кормандони донишгоҳ, аз ҷумла, Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”, Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, Сафарзода Манучеҳри Наҷот, саромӯзгор, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия ва Муслимов Исмоил, мутахассиси сомонаи донишгоҳ бо сипосномаи Академияи ВАО қадрдонӣ карда шуданд.


Back to the list