Санаи 4-уми март дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Асрори коинот ва замин” баргузор гардид.
Дар конфронс Самариддинова Зайнаб, сардори раёсати илм ва инноватсия, Қурбонова Умеда, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия, Саидова Нилуфар, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия ва дигар омӯзгорону донишҷӯён аз даҳ факултаи донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст сухани ифтитоҳиро Қурбонова Умеда оғоз намуданд.
Сипас, Султонов Раббонӣ, донишҷӯи курси 3-юми факултети иқтисод ва идора дар мавзӯи “Асрори коинот ва замин аз нигоҳи илми муосир”, Сафарова Бибимо, донишҷӯи соли 3-юми факултети физика ва математика дар мавзӯи “Мавҷудияти ҳаёт дар сайёраи Миррих” ва Назирмадова Миҷгона, донишҷӯи соли сеюми факултаи мазкур дар мавзӯи “Дастовардҳои расадхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи 30-солагии Истиқлолият” суханронӣ намуданд. Конфронс бо саволу ҷавоб ба анҷом расид.