Ҳамдиёрони азиз!
Дар лаҳзаҳои хуши баҳорӣ ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ – тантанаи эҳёи табиат, пешомадҳои наву рангин, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои созанда таҳният гуфта, дар ин Соли нави аҷдодӣ ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва соли неку бобарор орзу менамоем.
Наврӯз сари сол, баробарии шабу рӯз, иди соли нав, ҷашни бедории табиат, ҷашни кишту кор аст, ки аз қадим миёни мардуми Машриқзамин ва инак, соли 13-ум аст, ки дар кишварҳои олам ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ таҷлил мешавад. Наврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд, баҳор ҷойи зимистонро мегирад ва табиати хобида рӯй ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад.
Наврӯз ҳамчун шоҳпуле аз қаъри асрҳо гузашта, ормону омоли ниёгон ва ҳадафҳои наҷиби созандагии имрӯзу ояндаи моро ба ҳам мепайвандад ва чун муждаи рӯзи нав симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ ва суннатҳои деринаи халқи тоҷикро бо арзишҳои волои умумибашарӣ ҳамоҳанг месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки “Наврӯз на танҳо оғози кори мардуми деҳқон, балки шуруи ҳама гуна ташаббуҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар мебошад”.
Наврӯз ҷашни фарорасии баҳор ва барои мардуми ориётабор оғози соли нав мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои "рӯзи нав", "тоза", "рӯзи нахустин", аввали рӯзи сол, яъне рӯзе омадааст, ки соли нав аз он оғоз мегардад. Дар шинохти таърихи пайдоиш ва анъанаҳои ҷашни Наврӯз «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём аз сарчашмаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.
Пайдоиши Наврӯз дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ чунин ривоят шудааст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод, то дар он ҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯйи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ, ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд:
БА ҶАМШЕД БАС ГАВҲАР АФРОШТАНД,
МАР ОН РӮЗРО РӮЗИ НАВ ХОНДАНД.
Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китоби дигараш «Ат-тафҳим» менигорад: «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».
Наврӯз, воқеан, аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстонаи хеш – дӯстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғгари дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Маҳз ба ҳамин хотир, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ ҳангоми ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид намудани ҷашни Наврӯз қатъномаро таҳти унвони «Фарҳанги сулҳ» қабул намуд.
Пешвои муаззами миллат бо ифтихороти миллӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ қайд мекунанд: «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд». Ва низ ин сухани нуҷумшиноси варзида Умари Хайёмро аз “Наврӯзнома” махсус ёдовар шудаанд: «Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузорад».
Оре, дар фарҳанги мардуми мо ин ҷашни фархунда мақоми хосса дошта, баъди соҳибистиқлол гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистон бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гардид ва ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфта, чунончи шоҳид ҳастем, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мешавад. Дар тантанаҳои наврӯзӣ намунаҳои ҳунарҳои миллии мардумӣ ба намоиш гузошта шуда, намоишҳои дастаҷамъии ҳунармандон, бозиҳои миллӣ – гӯштин, бузкашӣ, асптозӣ ва ғайра доир карда мешаванд.
Наврӯз бо хусусиятҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, имрӯзҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон истиқбол гирифта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани қалбҳо аз кинаву кудурат, поксозии ҷиҳозу асбоби хона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳолҳо, донапошӣ ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ин шабу рӯзҳои ҷашн ба таври оммавӣ аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбад.
Дар радифи корҳои ободкориву созандагӣ қобили зикр аст, ки Раёсати донишгоҳ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили шароити мусоиди таҳсили донишҷӯён, аз ҷумла беҳтарсозии шароити маишии хобгоҳи донишгоҳ аз қатор корҳоро анҷом додааст: хобгоҳи донишҷӯдухтарон пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, бо системаи гармидиҳии ягона таъмин гардид ва инак, дар арафаи ҷашни Наврӯзи фархундапай ҳаммоми хобгоҳ бо тарҳи наву замонавӣ ва шароити хуби маишӣ барои фарзандони азизи мо, ки аз ноҳияҳои гуногуни минтақа ва ҷумҳурӣ дар хобгоҳ истиқомат мекунанд, ба истифода дода шуд.
Бигзор, Наврӯзи имсола низ барои мову шумо наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург бошад ва ба хонаву кошонаи ҳар кадоми мо пайки иқбол ва бахту саодати тоза орад!
Наврӯзатон муборак, ҳамдиёрони азиз!