KGU

ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ 15.03.2022

ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Санаи 16-уми март дар факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявии саромӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими он Намозов Амонулло дар гурӯҳи 401-и ихтисоси химия-биология дар мавзуи “Наврӯз ҷаҳонӣ шуд” баргузор гардид.

Дар дарс Исупов Дилшод, номзади илмҳои кишоварзӣ, декани факултет, Холов Сино, ҷонишини декан оид ба таълим, Қулаев Шоҳмурод, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, Бобоев Бахтиёр, саромӯзгори кафедра ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст дарсро роҳбари гурӯҳ Намозов Амонулло оғоз намуда, ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии Нарӯзи хуҷастапай табрик намуда қайд намуданд, ки “Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърихӣ омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки соли нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21-уми март ҷашн гирифта мешавад.”

Сипас, донишҷӯён барномаи омоданамудаи худро пешкашӣ ҳозирин намуданд.


Back to the list