31-уми марти соли равон дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди ассистенти кафедраи журналистика Гадоева Фирӯза дар мавзуи “Мусоҳиба ҳамчун жанри хабарии ВАО” дар гурӯҳи 205 и ихтисоси рӯзноманигорӣ аз фанни “Жанрҳои иттилоотӣ” баргузор гардид.
Дар дарс Алишери Абдулмаҷид, саромӯзгор, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи журналистика, Исмоилова Фарзона, номзади илмҳои филологӣ, Одинаева Марҳабо, номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгор ва ҳайати донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст дарсро муаллима Гадоева Фирӯза оғоз намуда, қайд карданд, ки “Дар журналистикаи имрӯза жанри мусоҳиба серистеъмолтарин жанр ба ҳисоб меравад. Ҳадафи мусоҳиба хабар додан аст, дар бораи воқеаи нав хабар метавонад бо факту рақам ё воқеаи диданию шуниданӣ ифода шавад ва хабар метавонад аз забони журналист садо диҳад, ё аз забони каси дигар. Мусоҳиба ҳамин навигарии охиринро дар назар дорад. Яъне касе навии ба амал омадаро шарҳ медиҳад, таҳлил мекунад. Аммо ин шарҳ диди шахсе аст, пас аввал дида аст, баъд мавзӯъ пайдо мешавад, сипас он бо факту рақам пур карда мешавад.” Сипас, донишҷӯён як як нисбат ба мавзӯи дар боло зикргардида фикру андешаҳои худро баён намуданд. Ҳамчунин онҳо доир ба мавзуъ мусоҳиба оростанд. Дар охир дарс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.