Санаи 1-уми апрел бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва маркетинги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар мавзуи “Фаъолияти маркетингӣ асоси таъмини рушди саноатикунонии босуръати кишвар” баргузор гардид. Дар конфронс Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, Самариддинова Зайнаб, сардори раёсати илм ва инноватсия, Расулова Лутфия, номзади илмҳои иқтисодӣ, декани факултети иқтисод ва идора, Комилов Низомиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи илми тоҷик табрик намуданд.
Сипас, Содиқов Зафар, номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи “Татбиқи фаъолияти инноватсионӣ ва дастгирии давлатии рушди соҳаҳои саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Наврӯз Носирӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзуи “Ташаккули ҳамгироиҳои соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва савдо дар вилояти Хатлон”, Сафарова Муборак, муаллими калони кафедра дар мавзуи “Марҳилаҳои ташаккул ва рушди маркетинг дар Тоҷикистон”, Ғуломов Зикрулло, муаллими калон дар мавзуи “Рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти маҳсулоти саноатӣ ба давлатҳои ҳамсоякишвар” ва Ҳакимов Абдурозиқ, дар мавзуи “Нақши корхонаҳои истеҳсолӣ дар таъмин ва рушди саноатикунонии босуръати иқтисодиёти мамлакат” баромад намуданд. Конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодон ба анҷом расид.