KGU

БА ДОМУ ФИРЕБИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДОДА НАШАВЕД!

БА ДОМУ ФИРЕБИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДОДА НАШАВЕД! 10.04.2022

БА ДОМУ ФИРЕБИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ДОДА НАШАВЕД!

Дар шароити имрӯза, ки талоши қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст. Бо қадам гузоштани инсоният ба асри XXI дар минтақаҳои гуногуни олам падидаҳои номатлуби хушунат ва терроризм пайдо шуда, аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Ба хотири пешгирӣ аз чунин омилҳои хатарзои башарӣ бояд роҳҳои дархӯри тарбияро ҷустуҷӯ ва пайдо кард, то ки ҷавонон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва сулҳу оштӣ тарбия ёбанд. Хусусан, имрӯзҳо ҷаҳони интернет вазъи бе ин ҳам мушкили замонро вазнинтар гардонидааст. Тавассути интернет пайдо гаштани «дӯстон»-и нохалаф ба тарбияи наврасон зарбаи сахт мезанад. Ҷалб гаштани наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бештар тавасутти шабакаҳои интернетӣ сурат мегирад.

Мо омӯзгорон бояд таъкид намоем, ки шабакаи интернет дар зудтарин муддат ба яке аз воситаҳои муҳими иғвоангез мубаддал гардидааст. Дар бештари маврид дар шабакаи интернет иттилооте ҷойгир карда мешавад, ки ба таври нодуруст ва беасос тартиб дода шудаанд. Маҳз чунин иттилоот барои пайдоиши низоъҳо заминагузорӣ мешавад. Бештари истифодабарандагоне, ки интернетро барои амалӣ сохтани ҳадафҳои худ истифода мекунанд, бо исми сохта ва ё номаълум ба паҳн намудан ва ё тарғиб кардани арзишҳои бегона ва зараровар машғул мегарданд. Мо шаҳрвандони кишвар, бахусус, ҷавонони Ватанро лозим аст, ки дар ҳама ҳолат ҳушёру бедор бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба хабарҳои дурӯғу иғвоангез, ки аз тарафи аъзои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундраву бегона паҳн карда мешаванд, бовар накунем. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз он шукргузор бошанд, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд, фарзанди миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва Ватани ободу мустақил ҳастанд. Моро зарур аст, ки аз пайи омӯхтани илму донишҳои нав ба нав шуда дар рушду ободии Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Мо ҷавонони худогоҳи кишвар бояд ба қадри сулҳу суботи Ватани азизамон расида ва нагузорем, ки хоинони Ватан тинҷиву осоиштагии кишвари моро халалдор намояд.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, барои ободии Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.

Умеда ГУЛМАДОВА, саромӯзгори кафедраи таҳситоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ


Back to the list