KGU

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ САРОМӮЗГОР

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ САРОМӮЗГОР 18.04.2022

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОДИ САРОМӮЗГОР

Таърихи 19-уми апрел дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии номзади илмҳои филологӣ, саромӯзгори кафедраи журналистика Исмоилова Фарзона дар гурӯҳи 304-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.

Дар дарс Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи журналистика, Муродов Ҷамил, ҷонишини декан оид ба тарбияи факулта, Гадоева Фирӯза-ассистенти кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст дарсро муаллима Исмоилова Фарзона оғоз намуда, оид ба мавзӯи дарс, ки “Фаъолияти рӯзномаҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон” ном гирифта буд, суханронӣ намуда, зимни баромад, қайд карданд, ки “Имрӯз дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзнома ва нашрияҳои сирф тоҷикӣ ҳам фаъолият менамоянд. Яке аз онҳо ин «Овози Самарқанд» - нашрияи Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд ба ҳисоб меравад, ки аз 1-уми январи соли 1990 ин ҷониб нашр мегардад. Аз соли 2015 ин ҷониб бо ташаббуси фаъолони вилоят рӯзномаи «Овози Самарқанд» ҳафтае ду маротиба нашр мешавад. Рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар асоси шарикии иҷтимоӣ дар бобати такмили ихтисоси рӯзноманигорон, ёрӣ расонидан ба собиқадорони соҳа ва кормандони ниёзманд, дастгирии журналистони ҷавон, нашри китобҳои аввалини онҳо корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, дар давоми соли охир барои беш аз 100 нафар фахриён ва ниёзмандон дар асоси сарпарастӣ рӯзномаҳо бепул дода шуд.

Бояд гуфт, ки “Овози Самарқанд” ба минбари тарбияи маънавияти ҷавонон табдил ёфта, дар он мақолаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии вилоят, ки одамро ба мулоҳиза намудан, бедорфикрӣ водор месозанд, нашр мегардад.

Сипас, донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ оиди ин мавзӯъ баромад намуданд. Дар охир дарс бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозира хотима ёфт.


Back to the list