Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ин раванд ҳар як сокини сайёраро вазифадор менамояд, ки аз забонҳои хориҷӣ огаҳ бошад, зеро ягона воситаи ҳифзи арзишҳои миллӣ, ин донистани забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар шароити кунуни забонҳои хориҷӣ, бахусус англисӣ ва русӣ, забонҳои байналхалқӣ ва забонҳои муоширати байни миллатҳо ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз санаи 11-уми апрел дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронс дар мавзӯи “Нақши забони русӣ дар замони муосир” бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” баргузор гардид.
Дар конфронс Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсия, Қурбонзода Умеда, сардори маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ, Иброҳими Аҳмадхон, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултаи филологияи рус ва ҳайати донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро Қурбонзода Умеда оғоз намуданд. Сипас, Ҳусайнова Шаҳноза, донишҷӯи курси чоруми факултаи филологияи рус, дар мавзуи “История русского литературного языка”, Ярбеков Самандар, донишҷӯи курси дуюми факултаи мазкур дар мавзуи “Русский язык как один из мировых языков”, Ибронова Шаҳло, донишҷӯи курси сеюми факулта дар мавзуи “Насколько русский язык востребован в Таджикистане” суханрони намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба итмом расид.