KGU

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД 25.04.2022

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад. Ба ҳамагон маълум аст, хоинони наҳзативу Гурӯҳи 24 ва Паймони миллии Тоҷикистон ҳамаашон ҷинояткору қаллобанд ва ҳадаф аз ниқоби мухолифӣ ба сар карданашон танҳо рупӯш кардани ҷиноятҳои содирнамудаашон мебошад. Имрӯз ҳам баъзе хоинони миллат ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин бо кӯмаки зархаридони хориҷӣ мехоҳанд кишвари осоиштаи  моро ноором созанд. Бадномкунӣ, туҳматбофӣ хоси Беҳруз Тағойзода ва Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки имону маҳзаби худро фурӯхта, теша ба решаи хеш мезанад.

Худро мухолифу «ҷабрдида»-и Ҳукумати қонунии Тоҷикистон эълон карда, мухолифини ватанфурӯш ҳадафҳои муғризонаи худро пайгирӣ мекунанд. Умедворам, ки ҷиноятҳои навбатии ошкоршудаи Муҳаммадиқболи Садриддин чашми аҳли оламро кушода, чеҳраи воқеии мухолифини нохалафро ифшо кард. Роҳбарону аъзоёни ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои мамнуи дар Аврупо фаъолияткунанда пеш аз гурехта рафтан ба Аврупо ҷинояткор буданд ва танҳо баъд аз ошкор гаштани ҷиноятҳояшон ҷомаи мухолифиро ба бар карданд. Ҳамаи даъвоҳои сиёсӣ ва танқидҳои беасосе, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон мекунанд, танҳо суханҳои хушку холӣ буда, ҳадафи воқеии онҳо ба даст овардани фоидаи муфт ва бо роҳи фиреб ғанӣ гардонидани сарвати худ аст. Тавре шоҳидони ҷиноятҳои Муҳаммадиқболи Садриддин мегӯянд, ӯ бо истифода аз ҳадису оятҳои Қуръон маблағҳои зиёди онҳоро бо роҳи қаллобӣ аз худ кардааст. Магар аз ин ҷинояти вазнинтаре ҳаст? Ин афрод, ки худро ҳомии дину шариат меҳисобанд, бо истифода аз номи дини ислом ба чӣ ҷиноятҳое даст назадаанд. Алббата аз ин чиз мо бояд ҳайратзада нашавем. Акнун ки ҷиноятҳои навбатиашон ошкор шуд, боз худро бегуноҳ меҳисобанду иттиҳомоти эълоншударо ангезаи сиёсидошта эълон мекунанд. Дар иттиҳомоти эълоншуда ҷуз факту далел ва шоҳидони воқеӣ дигар ҳеҷ ангезае вуҷуд надорад. Лекин ин хабисон ҳеҷ гоҳ гуноҳи худро эътироф намекунанд. Агар онҳоро дар рӯзи равшан бо ҷурме дастгир кунем, дарҳол эълон медоранд, ки ин туҳматҳои ҳукумат аст. Дар ҷавоб ба ин даъвоҳои ҷабрдидагон Муҳаммадиқболи Садриддин чӣ мегуфта бошад, аллакай маълум аст. Ӯ мисли дигар ҳаммаслаконаш ҳеҷ гоҳ ба гуноҳаш иқрор намешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва дилпурона изҳор доштанд, ки «Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд».

Бо боварии комил метавон гуфт, ки фарзандони далеру диловар ва ҷоннисори Ватани маҳбубамон ҳамеша кишвари азизу муқаддаси хешро содиқона ҳифз намуда, ба қадри ободӣ, оромиву осоиштагӣ, ҳаёти хушу хуррам мерасанд. Ман ҳамчун як шаҳрванд ин амалҳои хоинони  миллатро маҳкум намуда, боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистону тоҷикистониёни азиз ҳеҷ гоҳ фирефтаи чунин дассисаҳо нахоҳанд шуд.

Хушбахтона,   мардуми шарифи Тоҷикистон он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии ин «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромӯш нахоҳанд кард.

Хулоса, имрӯз хоинони ин миллат ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчи бештари хоинон дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, мо, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабаби пайдоиши афкори террористиро амиқ ва пайваста биомӯзем ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

Шарифов Ҳаким, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list