Чуноне ки дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Ҳимояи Сархади давлатӣ ҳамчун ҷузъи системаи таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки онҳо дар доираи ваколатҳои худ бо роҳи андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, сархадӣ, разведкавӣ, экологӣ ва дигар тадбирҳо ба рох мемонанд, иборат мебошад. Муҳофизати Сарҳади давлатӣ қисми таркибии ҳимояи Сарҳади давлатӣ буда, дар доираи қаламрави наздисарҳадӣ дар хушкӣ, дарёҳо, кулҳо ва дигар обанборҳо аз ҷониби Қушунҳои сарҳадӣ, дар фазои ҳаво бошад – аз ҷониби Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Аз ин рӯ санаи 28-уми апрел дар майдончаи таълимии назди факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси амалии намунавии мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, генерали муставфӣ Азимов Раҷабалӣ дар мавзуи “Омӯзиши хати сарҳад ва қонуншиканӣ дар хати сарҳад” баргузор гардид. Дар дарс Холиқзода Айниддин, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълим, Шарипов Анвар, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори раёсати таълими донишгоҳ, Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, Мирзоев Қурбоналӣ, муовини сардори раёсати таълими донишгоҳ, Ашуров Содирхон, муаллими калони кафедраи мудофиаи гражданӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.
Нахуст дарсро генерал Азимов Раҷабалӣ оғоз намуда, доир ба мавзуи дарс, ки ки “Омӯзиши хати сарҳад ва қонуншиканӣ дар хати сарҳад” унвон гирифта буд баромад намуданд. Ҳамчунин донишҷӯён оиди ин мавзуъ саҳнае омода намуда, пешниҳоди иштирокчиён гардониданд. Дар охир Холиқзода Айниддин муовини ректор оид ба таълим баромад намуда, дарси устодро хуб баҳогузорӣ намуданд.