Бахшида ба 110 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар санаи 29-уми апрел бо ташаббуси кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии донишгоҳӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи Мирсаид Миршакар дар адабиёти муосири тоҷик» баргузор гардид.
Дар конфронс Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори раёсати илм ва инноватсия, Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, Ашурова Нодира, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Холова Ғалатӣ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултаи мазкур ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳии конфронсро мудири кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ оғоз намуда, зимни баромадашон иброз намуданд, ки “Мирсаид Миршакар чун шоири бачагон низ маълуму машҳур буда, яке аз поягузорони адабиёти бачагонаи тоҷик шинохта шудааст. Беҳтарин шеърҳои барои кӯдакон навиштаи шоир дар маҷмӯаҳои «Ғунчаҳои хандон», «Ҷуробҳои гулдор», ҷилди якуми Куллиёти сеҷилда ва мунтахаби ашъори «Панҷи ноором» ба табъ расидаанд. Асарҳои бачагонаи Мирсаид Миршакар дар шаклу жанрҳои мураббаъ, суруду тарона, чистону афсона, масалу маснавӣ ва драма навишта шудаанд ва мавзуъҳои ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббат ба хонишу мактаб, эҳтироми волидайн, манзараҳои дилфиреби ватан ва ғайраро фарогиранд.”
Сипас, Зулфиев Гадомад, номзади лмҳои филологӣ дар мавзуи “Фаъолияти адабии Мирсаид Миршакар”, Алиева Бахтинисо, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон дар мавзуи “Хусусиятҳои забонии ашъори Мирсаид Миршакар” ва Назиров Мадалӣ, ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик дар мавзуи “Мирсаид Миршакар аз нигоҳи Раҷаб Амонов” маърӯза намуданд.
Дар охир як гурӯҳ донишҷӯёни факултаи мазкур аз эҷодиёти ин шоири шаҳир порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Ҳамин тариқ, конфронс бо муҳокимаҳои устодону донишҷӯён ба анҷом расид.