Яке аз масъалањои муњиме, ки имрўз љањони муосирро ба ташвиш овардааст ин масъалаи терроризм ва экстремизм (ифротгарої) мебошад. Имрўзњо дар гўшањои гуногуни сайёра миллионњо нафар одамон гирифтори хавфу хатарњои экстремистиву террористї гардида то рафт осоиши љањон ва Љумњурии Тољикистонро ба ташвиш овардааст. Вобаста ба ин моро лозим меояд, ки њушёрї ва зиракии сиёсиро аз даст надода муборизаро алайњи ин хатарњои номатлуб дучанд зиёд намуда, нагузорем, ки ба истиќлолият ва вањдати миллии мо осеб расида ба ќадри ин неъмати Худодод бирасем.
Дар тули солњои охир зиёда аз 100 мамлакатњои дунё њадафи амалњои созмонњои экстремистиву террористии «Ал-ќоида», «Њизб-ут тањрир», «Њаракати Толибон» ќарор гирифтанд, ки бар асари њамлањои террорисии онњо садњо њазор нафар одамон ба њалокат расида, миллионњо нафари дигар манзилњои худро тарк намудаанд. Дар айни замон бошад ташкилоти террорисии бо ном «Давлати Исломї» бо истифода аз номи «Дини Ислом» сафи худро аз њисоби љавонони аз илму дониш дур буда пур намуда ба амалњои номатлуб даст зада истодаанд, ки дар байни онњо мутаассифона љавонони гумроњгаштаи тољик низ мављуд мебошанд.
Таърих гувоњ аст, ки аз ќадим сар карда аљнабиён бо истифода аз номи дини мубини ислом истифода намуда ба боварии мардум даромада ба корњои ѓайри исломї даст мезаданд. Инро мо дар мисоли хиёнаткорињои роњбарону аъзоёни фаъоли Њизби Нањзати Исломии Љумњурии Тољикистон, ки боиси сар задании љанги шањрванди дар Љумњурии Тољикистон гардид бар аъло мушоњида намудем. Баъди пошхурдани Иттињоди Шўравї ва истиќлолияти комил ба даст овардани Љумњурии Тољикистон роњбарон ва аъзоёни Њизби Нањзати Исломии Љумњурии Тољикистон бо истифода аз номи дини мубини ислом ба боварии љавонони гумроњ даромада ба амалњои харобкорї даст зада мехостанд, ки ба ин васила Љумњурии Тољикистонро ба давлати исломї табдил дињад. Хушбахтона хиради азалї ва азму талошњои мардуми тољик нагузошт, ки амалњои нопоки онњо љомаи амал пушад.
Ќайд намудан ба маврид аст, ки дар натиљаи љанги шањрвандии Љумњурии Тољикистон, ки сабабгори сар задании он Њизби Нањзати Исломии Љумњурии Тољикистон буд 150 њазор нафар ањоли ба њалокат расида миллионњо нафари дигар ба давлатњои дигар фирор намуда, ходимони бузурги давлат тањдиду ба ќатл расонида мешуданд. Яке аз гуноњои азиме, ки дар дини ислом ќабул гардидааст, ин аз њаёт мањрум намудани инсонњои бегуноњ мебошад магар инро роњбарон ва аъзоёни Њизби Нањзати Исломии Љумњурии Тољикистон намефањмиданд, ки дар солњои љанги шањрвандї ба ќатлу куштори берањмонаи мардуми осоишта даст заданд.
Аз рўзњои аввали таъсиси худ Њизби Нањзати Исломии Љумњурии Тољикистон маќсадаш ба давлати исломи табдил додани Љумњурии Тољикистон буд ва бо ин маќсад онњо хостанд, ки чандин маротиба дар Љумњурии Тољикистон табадулоти давлатиро ба вуљуд оранд.
Имрўз мардуми шарифи Тољикистон ба хуби дарк намуданд, ки бењтарин неъмату дороие, ки насиби онњо насиб гаштааст ин истињлолият ва вањдати миллї мебошад ва њељ гоњ намегузоранд, ки ба он осебе расад ва бар зиди њама гуна хатарњои экстремистиву террористї муборизаи беамони худро мебаранд. Воќеан њам истиќлолияти комил барои њар як давлат бењтарин дорои ба њисоб меравад ва мардуми њар як давлат бояд ба ќадри ин неъмати бебањо бирасанд. Мо шоњиди њол будем, ки давлатњои бузурге, ки дороии зиёд доштанд вале истиќлолияти комил, ки надоштанд дар як муддати кутоњ иќтисодиёти онњо дар натиљаи нооромињо аз даст рафт.
Љумњурии Тољикистон аз рўзњои аввали истиќлолияти комил ба даст оварданаш аз самараи он ба хуби насиб гардида дар мубориза ба эстремизму терроризм як ќатор ќонуну ќарорњои навро ќабул намуд. Аз љумла, соли 1999 Ќонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Ќонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгарої)». Инчунин вобаста ба пешгирї ва мубриза ба экстремизму терроризм як ќатор санадњоро ќабул намуд. Аз љумла бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 Консепсияи ягонаи Љумњурии Тољикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм тасдиќ шудааст. Њамзамон «Стратегияи миллии Љумњурии Тољикистон оид ба пешгирї ва мубориза бо экстремизми зуроваранда ва тундгароии ба терроризмбаранда барои солњои 2016-2020» ќабул шудааст.
Љумњурии Тољикистон айни замон 15 санади њуќуќии байналмилалиро эътироф намудааст, ки «Деклоратсия дар бораи чорањои барњамдињии терроризми байналмилалї» аз 9 декабри соли 1994, Шартномаи њамкории кишварњои аъзои ИДМ дар мубориза бо терроризм аз 4 июни соли 1999, Конвенсияи њамкории Шанхай бар зидди терроризм аз 16 июни соли 2009 мебошанд. Ќонуну санадњои ќабулгардида ба мо имконият медињанд, ки мо боз њам алайњи ин амалњои номатлуби эктремистиву террористї мубориза барем.
Лоиқов Парвиз, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ