KGU

ҶАШНГИРИИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДОНИШГОҲ

ҶАШНГИРИИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДОНИШГОҲ 04.05.2022

ҶАШНГИРИИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДОНИШГОҲ

Дар таърихи инсоният рӯзҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии худро гум намекунанд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 77 – умин солгарди ғалаба бар фашизм қарор дорем.

Аз ин рӯ, санаи 5-уми май дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Мирализода Абдусалом Мустафо, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам ва ҳайати эҷодии ансамбли Шашмақоми назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Нахуст ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо суханронӣ намуда, ҳозиринро ба таҷлили 77 – умин солгарди Рӯзи ғалаба табрик карда, қайд намуданд, ки “Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла миллати тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Ҳарчанд ки майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар ҳар деҳкадаи тоҷик ба гӯш мерасид. Ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон оилае ёфт намешуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири ҳифзи озодии Ватан аз фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад. Дар он набардҳои тақдирсӯзу тақдирсози инсоният садҳо ҳазор фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла зодагону номоварони минтақа ва шаҳри Кӯлоб низ иштирок карда, барои озодии Ватан ҷоннисориҳо намуданд. Имрӯз аз ҳазорон нафар фидоиён шахсони башумор мондаанд, ки муҳтарам доштану қадршиносӣ намудани онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии мост.”

Сипас, аз ҷониби Хонаи маданияти донишгоҳ ва ҳайати эҷодии ансамбли Шашмақоми назди Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии вилояти Хатлон бо роҳбарии ҳунарманди шинохтаи Тоҷикистон Амриддини Кабир ва Маҳмадалӣ Аюбӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.


Back to the list