Тули солҳои охир дар атрофи таҳдидҳои нави замони муосир, ки онҳо ба амнияти давлатҳои олам таъсири бевосита доранд, таҳлилу баррасиҳои зиёде анҷом ёфта истодаанд. Дар таҳқиқотҳои анҷомёфта шаклҳои гуногуни зоҳиршавии таҳдидҳо дар шароити муосир, аз қабили терроризм, навъҳои гуногуни ҷангҳо омӯхта шудаанд.
Донишманди амрикоӣ Хантингтон С. ба масъалаи таҳдидҳои нав аз мавқеи ҳуввияти фарҳангӣ баҳогузорӣ намуда, бархурди тамаддунҳо ва ба амал омадани низоъҳои фарҳангию мазҳабиро пешгӯӣ менамояд. [1].
Сиёсатшиноси англис Е. Крахманн дар самти омӯзиши таҳдидҳои нав таҳқиқотҳои гуногун гузаронида пайдоиши онҳоро аз пайдоиш ва зиёдшавии субъектҳои ғайридавлатӣ вобаста медонад. Дар таҳқиқоти вай терроризм, ҷангҳои шаҳрвандӣ, паҳншавии яроқу аслиҳа ва ғайра ҳамчун таҳдидҳои нав муаррифӣ гардидаанд. [2, с. 3-22].
Аз рӯи таҳлили афкори донишмандон ва сиёсатмадорони гуногун таҳдиди асосӣ ва ҷиддӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин терроризм ва дигар ҷиноятҳои ба ин монанд мебошанд.
Имрӯзҳо терроризм аз ҷониби ҳар як сиёсатмадор ҳар навъ маънидод карда мешавад. Маҳз ҳамин омил боис мегардад, ки раванди баҳамоии давлатҳоро баҳри мубориза алайҳи терророризм мушкил месозад. Бояд қайд кард, ки терроризм ин реаксияи ҷомеа нисбати ин ё он ҳодисаи муайян аст [4, с.51]. Аммо ба ин нигоҳ накарда давлатҳо низ дар ин амал ба сифати иштирокчии асосӣ ва ё кӯмакгари ташкилотҳои террористӣ зоҳир мешаванд. Департаменти давлатии ИМА якчанд давлатҳоро, аз ҷумла Ироқ, Эрон, Либия, Судон, Кореяи Шимолӣ дар даст доштан ба амалҳои террористӣ ва роҳ додани террористон дар ҳудуди кишвари худ айбдор сохтааст. ИМА бо ин роҳ муборизаи зиддитеррористии худро ҳамроҳ бо дигар давлатҳо асоснок менамояд.
Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳар чӣ зудтар аз ин падидаи манфур наҷот ёбанд. Аввалин кӯшиши мубориза ба муқобили терроризмро Лигаи Миллатҳо соли1937дар асоси қабули Конвенсия «Оид ба пешгирии терроризм ва муҷозот барои амалиёти террористӣ» ба миён оварда буд [5]. Соли 1985 бошад, АГСММ изолятсия «дар бораи терроризми байналхалқӣ» -ро ба тавсиб расонид.
Дар муборизаи зидди терроризм миёни мамлакатҳо ҳамоҳангӣ, фаҳмиши ягона ва иттиҳод вуҷуд надорад, зеро ҳама кӯшиш менамоянд, ки дар доираи манфиатҳои худ фаъолият намоянд.
Замоне, ки Русия чудоихоҳони чеченро террорист мешуморид, Амрико онҳоро муборизони роҳи озодии Ватан эътироф менамуд. Агар чеченҳо иқтидори пурзӯреро соҳибанд ва модоме, ки онҳо амалиёти гуногуни террористиро содир мекунанд, он бе нишондод ва дастури Амрико буда наметавонад. Аммо чаро Амрико муборизаи халқи Фаластинро дастгирӣ намекунад, баръакс, муборизони Фаластинро террорист эълон медорад.
Хитой ҷудоихоҳони Синзянро гурӯҳхои террористӣ эълон кард ва нисбати онҳо мавқеи қотеъонаро ишғол намудааст. Агар онҳо ягон вақт ба муборизаи зиддиҳокимияти марказӣ бархезанд, яқин Амрико онҳоро чун муборизони роҳи истиқлолу озодӣ дастгирӣ хоҳад кард, зеро заифшавии ҳукумати марказии Хитой ба доираи манфиатҳои геополитикии Амрико дохил мешавад. Дастгирии ҷудоихоҳони кашмирӣ дар мубориза ба муқобили ҳукумати Деҳлӣ аз ҷониби Исломобод на ба хотири дастгирии гурӯҳҳои исломии Кашмир, балки ба хотири ҳадафҳои сиёсиву геополитикии худаш сурат мепазирад.
Бо рӯйдодҳои 11 сентябр вазъи сиёсии ҷахон ба куллӣ тағир ёфт ва масъалаи мубориза бо терроризм дар сатҳи мукаммалтару ҳамаро фарогиранда ба вуҷуд омад. Мубориза алайҳи терроризм агарчӣ сард нест, вале ба «чанги сард», ки то соли 1991 идома дошт, шабоҳат дорад [1, с.45].
Мутаассифона гоҳо ҷараёни мубориза бо терроризм, ки солҳои охир сурат мегирад, ба назар чунин мерасад, ки он як навъ мубориза бар зидди ислом бошад. Аз равиши воқеаҳо дида мешавад, ки он як навъ мубориза алайҳи ислом, ҳаракатҳои исломӣ ва кишварҳои исломист. Дар зери шиори мубориза алайҳи терроризм мубориза алайҳи ислом нуҳуфта аст.
Барои мисол, муносибати абарқудратҳои ҷаҳониро нисбат ба ин таҳдидҳо метавонем ёдовар шавем. Як зумра ҳизбу ҳаракатҳои замони муосир, агар аз ҷониби як абарқудрат ҳамчун ташкилотҳои террористию экстремистӣ эътироф шаванд, аз ҷониби қисме аз давлатҳои дигар, ҳамчун мухолифини муътадил шуморида мешаванд [3, с.275].
Баъди амалиётҳои террористии сентябри соли 2001 дар Ғарб дар бораи терроризми исломӣ сухани зиёд мегӯянд, вале ислом ба монанди динҳои дигар, динҳои чаҳонӣ нисбат ба хушунату зӯроварӣ муносибати манфӣ дорад. Ислом наметавонад сарчашмаи терроризм бошад. Қариб инсонеро дарёфт намудан ғайриимкон аст, ки пайрави ягон дин набошад. Ҳар як дин пайравони худро дорад. Бахусус динҳои ҷаҳонӣ: ислом, насрония ва буддоия, ки миллиардҳо пайравони худро пайдо кардаанд. Ба ислом нисбат додани терроризм ин маънои исломро дини бадӣ, пайравони онро пайравони бадӣ хондан ва асосгузори онро чун асосгузори идеологияи террористӣ донистан ва баҳо додан аст. Ин таҳқири сахтест ба 1.5 млрд. пайрави ин дин.
Оё аз ҷониби Амрико ва давлатҳои Аврупо, ки бештари аҳолиашонро пайравони дини насронӣ ташкил медиҳанд исломро асоси терроризм донистан, байни ду дини ҷаҳонӣ ихтилофи бе ин ҳам ҷойдоштаро қувват бахшидан ва ба номи динҳои осмонӣ иснод овардан нест. Давлатҳои абарқудратро лозим аст, ки дар ҳукмбарорӣ ба иштибоҳу барқасдкорӣ роҳ надиҳанд, ки ин ба иззати нафси мусулмонони воқеӣ таъсири нохубе хоҳад дошт.
Вақтҳои охир хитобаи «террористро миллату мазҳаб нест» бисёр садо медиҳанд, вале ин маънои онро надорад, ки террорист ҳамчун инсон ба ягон миллат тааллуқ надорад ва мазҳаберо паравӣ намекунад. Террорист, гарчанде миллат дорад, аммо ба ягон миллат, ҳатто ба миллати худ раҳму шафқат надорад. Динеро эътироф мекунад, аммо аз боиси сатҳи пасти ҷаҳонбинии диниаш амалеро содир мекунад, ки хилофи дин аст. Агар инсон чунин хусусиятхоро дорост, пас аз ҳар дуи ин унсурҳо ӯ ҷудост. Вақте шахсе амали бад содир мекунад, дигарон набояд, некиро маҳкум созанд, зеро ба ӯ ҳамин тарки некӣ боис гаштааст, ки бадӣ кардааст. Аз ин рӯ дар бораи ислом низ набяд аз рӯи фаъолияту рафтори шахс ва ҷамъиятҳои алоҳида ҳукм кард, баръакс ислом меъёри баарзишоварандаи рафтору амали одамон аст. Ҳар шахсе аз ислом бохабар нест, аз кулли кирдорҳои хеш бехабар аст. Вақте Афғонистонро қушунҳои Шӯравӣ тасарруф намуданд, Амрико барои кӯмак ба муҷоҳидони афғон ягон воситаро дареғ надошт ва якчанд таълимгоҳҳоро барои иҷрои амалиёти махсус омода сохт, то онҳо бо қушунҳои Шӯравӣ мубориза баранд. Имрӯз бошад, даспарвардаҳои мактаби ӯ «дарди сар»-и худи ӯ гардидаанд. Ҳамчунин ба сари қудрат омадани «Толибон», ки аз сиёсат дараке надоштанд, туфайли Амрико сурат гирифта буд. Ба сари қудрат омадони гурӯҳи аз сиёсати замонавӣ ноогоҳ барои сиёҳ кардани ислом айни муддао буд. Амрико бо амалу рафторҳои худ ба душманони ислом баҳри таъкиди андешае баҳона дод, ки исломи сиёсатомехта барои ҷомеа «фочеа» аст.
Холо давлатҳои аз ислом дар ҳарос буда, бахусус ИМА, терроризмро боис карда, на танҳо таъсири бади маънавии худро ба олами ислом мерасонанд, балки онро бо теғу туфанг хароб месозанд. Аз ҳар як тири Амрико, ки ба хоки Афгонистон ва Ироқ мехӯрад, як «террорист» мерӯяд. Пас оё модари терроризм падари «демократияи зӯракӣ» Амрико нест? Барои давлатҳои бар зидди терроризм мубориза баранда, ки ҳар соле чандин созишномаҳои зиддитеррористӣ таҳия месозанд ва бо чандин ташкилотҳои террористӣ мубориза мебаранд, аз як ҷиҳат кифояткунанда хоҳад буд, ба ҷойи қабули чандин конвесияҳо як созишнома дар доираи як созмони байнидавлатӣ таҳия созанд ва на бар зидди чандин ташкилотҳои террористӣ, балки бар зидди як террорист мубориза баранд, ки он Амрикост.
Солҳои охир дар кишварҳои ИДМ амалҳои мушаххасе баҳри мубориза бо терроризм ва экстримизм сурат мегиранд. Хуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқие қабул мегарданд, ки ба сифати санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шинохта мешаванд. Ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ байни давлатҳои аъзои он вусъат меёбнд. Ҳатто маркази ягонаи муборизаи зидди терроризм ва экстремизм (соли 2000) таъсис дода шудааст, ки он дар асоси аҳдномаи байни кишварҳои ИДМ аз моҳи июни соли 1993 оид ба муборизаи муштараки зидди терроризм фаъолият дорад.
Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ барномаи мубориза бар зидди терроризм ва шаклҳои дигари зуҳури экстремизмро пазируфта буд. Роҳбарони кишварҳои ИДМ дар Ереван қарор доданд, ки нерӯҳои муштараки зудамалро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ташкил намоянд.Ташкилоти Созмони Ҳамкории Шанхай (ШОС) бошад, Конвенсияи муборизаи зидди терроризм, сепаратизм ва экстримизмро қабул намудааст [2, с.44].
Дар замони муосир якчанд роҳҳои мубориза бо терроризм мавҷуданд: ҳуқуқӣ, зӯрӣ, дохилӣ ва берунӣ. Роҳҳои ҳуқуқии мубориза дар асоси нишондоди созишномаҳои байналхалқӣ сурат мегирад. Усули зӯрӣ, ки он ба азбайнбарии терроризм мусоидат намекунад, баръакс терроризмро ба вуҷуд меорад ва дар натиҷаи гузаронидани амали ёти зиддитеррористӣ чандин аҳолии осошта низ зарар мебинад, ки ба ин, вазъият дар Афғонистон ва Ироқ мисол шуда метавонад. Мубориза бо терроризм дар сатҳи дохилидавлатӣ бо роҳи огоҳ кунонидани мардум ва пешгирӣ намудан ба амаилиёти террористӣ сурат мегирад (гарчанде ИМА аз рафти тайёрии «Ал-Қоида» огоҳ буд, вале намедонист, ки зарба ба куҷо ва кадом вақт зада мешавад) [2, с.44].
Роҳи берунаи мубориза бо терроризм ба василаи қабули созишномаҳо ва ҳамкории давлатҳо сурат мегирад.
Роҳҳои мубориза бо терроризм ва дигар ҷиноятҳои ба ин монанд, дар таҷрибаи тоҷиконро хонанда метавонад дар шакли васеътар аз дастури «Экстремизм, терроризм: пайдоиш, моҳият, хусусият ва шаклҳо» дастрас намоянд [4].
Зарбаҳои асосии терроризм асосан ба муқобили давлатҳои мусалмонӣ, Русия ва ИМА равона гардидааст, ки дар рӯйхати давлатҳои аз терроризм аз ҳама бештар зарардида ИМА дар ҷои аввал меистад, ки ин чунин ба назар мерасад, ки имрӯз гӯё байни давлатҳои мусалмонӣ, Русия ва ИМА як навъ ҷанг рафта истодааст, ки қушунҳои онҳоро даста ва ё ташкилотҳои террористӣ ташкил медиҳад.
Давлатҳои ҷаҳон бо усулҳои гуногун муборизаи хешро бо терроризм амалӣ мегардонанд. Масалан дар Британияи Кабир махсус мақомоти зидди террористие мавҷуд аст, ки сардории онро генерал-майор-яке аз аъзоёни кумитаи разведка ва амният ба ӯҳда дорад. Он аз солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ инҷониб фаъолият дошта, ба вазорати мудофиа тобеъ мебошад. Дастаи махсуси сарбозонро таълими муборизаи зидди террористӣ медиҳад [3, с.156].
Дар ИМА, махсусан дар аэропортҳо низоми қатъии назорат ҷорӣ карда шудааст. Ҳар 10 дақиқа дар дохили ҳавопаймо ба мусофирон муроҷиат карда мешавад, ки баъди ба замин фуруд омадан дарҳол ба таксӣ нишаста, аз истгоҳ дур шаванд [3, с.156].
Низоми қатъии назорат дар Исроил баҳри пешгирии амалиёти террористӣ ҷорӣ гардидааст: дар ҳар як мағоза дастгоҳи махсуси муайянсозии яроқ дар бадани инсон (металлоискатель), насб карда шудааст, дар дохили автобусҳо баҳри бехатарии одамон посбон мавҷуд аст, дар ҳар як кӯчаву хиёбон камераҳои назоратӣ (махфӣ) шинонида шудаанд.
Давлатов Миралӣ, саромӯзгори кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ