KGU

БОҚИРЧАҲО БОЯД ИБРАТ ГИРАНД!

БОҚИРЧАҲО БОЯД ИБРАТ ГИРАНД! 01.06.2022

БОҚИРЧАҲО БОЯД ИБРАТ ГИРАНД!

Дар миёни мардум мегӯянд, ки чоҳкан оқибат дар чоҳи кандаи худаш меафтад, ки ин дар ҳақиқат дуруст аст. Имрӯз Боқирро худи шогирдонаш куштанд. Ҳама бояд донад, ки касе, ки фурухта мешавад, ҳатман ӯро мефурушанд. Ё ин ки аз бузургон панде омадааст, ки дарахтро аз даруни худаш кирм мехӯрад.

Боқири ҷинояткор, ки сардори маорифи вилоятро латукубу таҳқир карда буд, аз тарафи он кирмҳое, ки тарбия карда буд, қатл шуд. Ин бояд дарси ибрат бошад.

Мо бояд шукронаи тинҷуву амонии кишварамон кунем, ки рӯз то рӯз ободу зебо гашта истодааст. Роҳи байналмилалии Кӯлоб-Хоруғ дар 70 соли Шӯравӣ таъмир нашуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ ин роҳро таъмир кард ва мардум озодона ба ҷойи даркорӣ мераванд. Ҳамин роҳ басанда ҳаст, ки ин мардум ҳазор шукр гӯянд.

Нест бод, бадкорони миллатбадбин!        


Back to the list