Ҳамагон ба хуби дарк менамоянд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро масъалаҳои терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва тундгароии мазҳабӣ ба ташвиш овардааст. Масъалаи ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳои нанговаре мебошад, ки амнияти миллӣ, осудагии давлатдории ҳар як миллат ва умуман тамоми чомеаи ҷаҳониро зери хатар қарор медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки экстремизм ва терроризм, яке аз омилҳои барҳамдиҳандаи арзишҳои волои инсонӣ буда, амнияти давлату ҷомеаро таҳдид менамояд. Зеро амният, сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ олитарин арзишҳоест, ки муносибати устувори одамонро таъмин менамояд.
Гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани мақсадҳои ғаразноку нопоки худ бо истифода аз дини мубини ислом , мудом ба қатлу ғорати мардумони бегуноҳ машғул буда, ҷавонро ба ин роҳ шомил мегардонанд.
Ҳадафи асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама, расидан ба ғаразҳои пур аз фитнаю найранг дар сиёсати давлатдорӣ ва ба даст овардани манбаҳои муфти даромади пулию молӣ аст. Барои ба мақсади нопоки худ расидан , бо ҳар воситаю найранг дар байни тамоми аҳолии курраи замин , хусусан дар байни ҷавонон ташвиқот мебаранд, то ки сафи пайравони гурӯҳҳои террористиро зиёд кунанд.
Саркардагони ин гурӯҳҳои террористӣ бо ҳар гуна воситаҳою тарғибгароии худ ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ба ҷараёнҳои террористӣ ҷалб менамоянд. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи пулу сарвати террористон нагарданд. Онҳо барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари маҳбубамон аз чашму забони бад эмин гардад ва ба қадри неъматҳои даврони истиқлолият ва муқаддастарин арзишҳои давлату давлатдорӣ ва озодӣ бояд расид.
Аз ин рӯ мо озодиву соҳибихтиёрии кишварамонро асоси хушбахтии худ ва наслҳои ояндаи миллат шуморида, бояд бо азму суботи қавӣ соҳибистиқлолиятии давлатиамонро ҳифз намуда, баҳри суботу амният ва ободии кишвари азизамон ҷаҳду талошу намоем. Мо бояд ватани худро дӯст дошта, барои ҳимояи он омода бошем ва шукронаи соҳибистиқлолӣ, соҳибватанию соҳибдавлатиро ба ҷо орем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар чунин ибрози ақида намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан,дин, мазҳаб ва миллат надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Аз ин рӯ терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест».
Сарвари давлатамон таъкид ба он доштанд, ки вазифаи муҳимтарини мардуми кишвар аз он иборат аст, ки минбаъд мо саъю кӯшиши худро , дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созем.
Воқеан, ин таъкиди Президенти маҳбуби кишвар бояд барои ҳар як инсони худогоҳ дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯз беш аз ҳар вакти дигар арзиши баланд дошта бошад. Сарвари кишварамон дар суханронии худ қайд намудааст, ки «Дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ваҳдати миллӣ ва суботу оромӣ барои мардуми мо омили бунёдии дастовардҳои навин, татбиқи нақшаҳои стратегӣ,кафили боэътимоди давлат ва ҷомеа мебошад».
Дар ҳақиқат таҷрибаи зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки дар ҳама давру замон сулҳу ваҳдат кафили рушду тараққиёт ва саодати рӯзгори инсонҳост, ки хушбахтона, чунин арзиши олӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву сулҳофаринии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати сарбаланди тоҷик гардидааст.
Умед аст, ки чунин падидаҳои номатлуб, ба монанди экстремизм ва терроризм барои ташаккули ҳифзи боэътимоди амнияти Ҷумҳурии азизамон хатар эҷод нахоҳад кард, зеро мо экстремизм ва терроризмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии Ватани биҳиштосоямон ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ менамоем.
Ҳар як шаҳрванди баномуси тоҷик барои ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ҳамеша тайёр аст, ки мубориза намояд.
Истиқлолу озодии халқи тоҷик, сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон ҷовидон бод!
Муборак ИСМОИЛОВА– саромӯзгорӣ кафедраи химия ва методикаи таълими он.