KGU

БОРИ ДИГАР ДОИР БА ВАЗЪИ БАДАХШОН

БОРИ ДИГАР ДОИР БА ВАЗЪИ БАДАХШОН 14.06.2022

БОРИ ДИГАР ДОИР БА ВАЗЪИ БАДАХШОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷанги таҳмилии бародаркӯш, ки бо ташкил ва иштироки бевоситаи ТЭТ Ҳизби наҳзат рух дода буд, имрӯз бо заҳмату талошҳои мардуми шарифи ин сарзамин рушду инкишоф ёфта, суботу ором аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар дубора эҳё ва сохтани давлатдории миллии тоҷикон саҳми бузург дорад. Ҳар як пиру ҷавон ва ҳар як давлатмарди тоҷикистонӣ дар ободу зебо кардани ин мамлакат шабонарӯзӣ заҳмат кашидааст. Ҳар як тоҷикистонӣ барои несту нобуд шудани ин давлат ҷони худро дареғ надошта буд.

Вале чӣ тавре, ки мушоҳида дорем, имрӯзҳо низ дар минтақаҳои Бадахшон, хусусан дар шаҳри Хорӯғ чашми баду дасти хунолуди душмани миллати тоҷик расида истодааст. М.Мамадбоқиров ва се чор нафар зархаридони ҷинояткорӣ ӯ таҳти роҳбариву роҳнамоии М.Кабирӣ ва А.Шерзамон дар шаҳри Хорӯғ ба гирдиҳамоиҳои ғайриосоишта даст зада буданд. Мутаасифона чи хеле ки дар урфият мегуянд: “Чоҳкан зери чоҳ” ва онҳо ба мақсади нопоки худ нарасида, аз ҷониби ҳаммаслакони худ ба ҳалокат расид.


Back to the list