Душманони суботу амнияти миллати тоҷик мехоҳанд, ҷангу хунрезӣ аз минтақаи Бадахшон оғоз гардад. Чӣ тавре, ки роҳбари Паймони зиддимиллӣ М.Кабирӣ аз таъсиси “ҷиноҳи низомии наҳзатиҳо” изҳорот дода буд, ба гумони ғолиб ин дастаи террористон дар ҳудудҳои Афғонистон фаъол мебошад. Аз ин лиҳоз, замоне, ки амнияту субот дар минтақаи Бадахшон хароб мегардад, дастаи махсуси террористони наҳзати тариқи марзҳои ин минтақа вориди хоки Тоҷикистон шудан мехоҳанд. Навнаҳзатиҳои террорист ташкили бесарусомониҳо дар минтақаи Бадахшонро тибқи нақшаву супориши хоҷагони хориҷии худ бо дасти ду се нафар ҷинояткорони бадахшонӣ амалӣ кардан мехоҳанд. Вале бо боварии комил гуфта метавонем, ки фидоиёни ватану давлати мо аз ин барномаву нақшаҳои душманон огоҳ ҳастанд ва намегузоранд, ки Тоҷикистон маротибаи дигар ба ҷангу хунрезӣ кашида шавад.
Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари давлат ба рушду тараққии ВМКБ, аз ҷумла шаҳри Хоруғ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба василаи маблағгузориҳои пайдарпай ва ҷалби шарикони рушд, онро ба шаҳри ҷавобгӯи талаботи маркази як вилоят наздик оварда тавонист.