Дар Хоруғ то даврони истиқлол ба ҷуз ду-се иморат, ягон бинои зебое, ки дархури шаҳр бошад, вуҷуд надошт. Бозор аслан набуд, як меҳмонхонаи нимвайрона вуҷуд дошт, ягона чорбоғаш ноороставу нопероста буд, ду-се ошхона дошт, ки ғизои дуруст пешниҳод карда наметавонистанд. Ҳатто роҳҳои автомобилгарди шаҳр ҳамеша дар ҳолати садамаовар қарор доштанд.
Имрӯз агар симои шаҳри Хоруғро бо бист-сӣ соли пеш муқоиса кунем, тамоман манзараи дигарро мебинем. Роҳҳо васею асфалтпӯш шуда, чандин бинои баландошёна ва садҳо иморатҳои замонавии дигари зебову назаррабо шаҳрро ҳусну латофат мебахшанд, даҳҳо меҳмонхонаҳо бо таҷҳизоти муосир ба меҳмонон хизмат мерасонанд, бо иҷозаи ҳукумати кишвар чандин ташкилоти байналмилалӣ дар он фаъолият намуда, барои пешрафти соҳаҳои гуногун ба мақомоти давлатӣ мадад мерасонанд.
Маҳз дар ҳамин даврон дар Хоруғ донишгоҳи давлатӣ ва Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ таъсис дода шуданд, ки мардуми мо садсолаҳо дар орзуи чунин таълимгоҳҳои олӣ буданд. Хоруғиён имруз василаҳои муосиртарини ахбор ва алоқаро дар ихтиёр дошта, баракси даврони гузашта, ки роҳҳо шаш моҳ баста мешуданд, ҳоло тамоми фаслҳои сол 24 соат ба ҳар куҷое, ки хоҳанд бемонеа равуо мекунанд. Шабакаи нақлиётии дохили шаҳр шабу рӯз ба сокинон ва меҳмонон хизмат мерасонанд. Бозорҳову мағозаҳо пур аз молу коло, соҳибкорӣ дар авҷ, сармоядорӣ батадриҷ дар ҳоли ривоҷу равнақ! Он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён надорад. Шумо дар зиндагии ҳаррӯзаатон ин чизҳоро мебинед ва худатон шоҳиди сол то сол беҳтару хубтар гардидани ҳаёти худ мебошед. Мардуми бадахшон низ намехоҳанд дигар вазъияте ки дар Хоруғ сар зад дубора ба амал ояд.
Бинобар ин, ба ҷавонони бадахшонӣ, ба ҳамдиёрони азизи худам, дӯстона, падарона, бародарона аз рӯи дилсӯзиву корогоҳӣ муроҷиат карда мегӯям, ки ба фиребу макри гургони борондида дода нашавед!