Китобхонаи давлатии Россия дар маркази шаҳри Москва қарор дошта, таърихи бой ва рангин дорад. Он дар гузашта ҳамчун осорхонаи Румянсев дар нимаи асри ХIХ дар шаҳри Санкт-петербург ташкил ва баъдан ба шаҳри Москва интиқол дода шудааст. Аз соли 1924 то соли 1992 «Китобхонаи давлатии СССР ба номи В.И.Ленин» муаррифӣ мешуд. Сипас соли 1992 ба китобхона номи «Китобхонаи давлатии Россия» гузошта шуд. Бо вуҷуди ин, аксари хонандагони китобхона ӯро бо номи «Ленин» ном мебаранд. Китобхона айни замон дорои 34 толорҳои хониш мебошад. Ҳаҷми умумии фонди захиравии китобхона ба ҳолати 1-уми январи соли 2022 аз 48,1 миллион адад зиёд маълумот дода мешавад, ки он ба толорҳои хониш вобаста ба самту равияҳои мувофиқ тақсим шудааст.
Зиёда аз се сол мешавад, ки аз маводҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва методию таълимии ин китобхона ҳузурӣ ва маҷозӣ омӯзиш мекунам. Муносибати хуби кормандони китобхона ва хизматрасонии сатҳи баланди онҳо оид ба таъмини мавод ва роҳнамоии тарзи истифодаи толору марказҳои китобхонаро мушоҳида менамоям.
Мавриди зикр аст, ки китобхона бо технологияҳои муосири иттилотию комуникатсионӣ муҷаҳҳаз мебошад. Бояд ёдовар шавам, ки аз хона тавассути интернет китобҳоро фармоиш медиҳам дар муддати муайяни вақт то ҳузури худ ба китобхона омода гардида, сипас онҳоро аз макони тақсим ва қабули маводҳо дастрас мекунам. Ҷолибияташ дар он аст, ки ҳамаи намуди хизматрасониҳо аз обуна шудан то мутолиаи маводҳо ва истифодаи шабакаи интернет дар дохили китобхона бе маҳдудият ройгон аст. Реҷаи кории толорҳои хониш аз рӯзи душанбе то рӯзи шанбе аз соати 09:00 то 20:00 бо дарназардошти рӯзҳои корӣ муқаррар шудааст. Аз ҳамаи хонандагони ин матн хоҳиш мекунам ба ин китобхона ташриф оваранд ва аз толору долонҳои пур аз хонанда ва сарсону саргармии корҳои илмӣ дидан кунанд. Бовар кунед, вақте вориди ин китобхона мешави ба мисли як бозорест, ки дар он танҳо моли хариду фурӯшаш қабул, тақсим ва мутолиаи китоб аст.
Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
PS: Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, дар ҷумҳурӣ ягона олими ҷавоне мебошад, ки соли 2018 ба Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дурахшандагон» сазовор гардида, айни замон дар докторантураи Академияи хоҷагии халқи Русия ва хадамоти давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таҳсил карда истодааст.