KGU

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ 20.06.2022

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОНИШГОҲ

Бо мақсади амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии соҳаи сайёҳӣ дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир дар бозори меҳнат санаи 21-июн дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Омодасозии кадрҳои баландихтисос омили меҳварии рушди устувор ва суръатнокии соҳаи сайёҳии мамлакат” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсен Рафиев Сафархон, сармутахассиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Сайёд, декани факултети химия, биология ва география, номзади илмҳои биологӣ, дотсент Исупов Дилшод, сармутахассиси раёасти илм ва инноватсия Саидова Нилуфар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ иштирок варзиданд.
Дар охир мизи мудавар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои омӯзгорон ба анҷом расид.



Back to the list