KGU

ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОДО, ТОҶИКИСТОН КИШВАРАМ…

ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОДО, ТОҶИКИСТОН КИШВАРАМ… 24.06.2022

ВАҲДАТАТ ПОЯНДА БОДО, ТОҶИКИСТОН КИШВАРАМ…

Ваҳдат, сулҳу субот ва ҳамдилию ҳамраъйии халқу миллатҳо омили асосии рушди устувори ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату ҷомеа ба ҳисоб рафта, таъмини зиндагии шоистаи мардум аз он вобастагии зич дорад. Аз таърихи ба имзорасии Созишномаи Истиқрори сулҳи тоҷикон 25- сол сипарӣ мегардад ва ин марҳила дар таърихи навини давлатдории ин миллати тамаддунофар бо хатти зарин навишта хоҳад шуд.
Маҳз, баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ барои халқи азизам муяссар гардид, ки дар марҳилаи нави таърихӣ давлати миллии худро бо роҳбарии хирадмандонаву заковатмандонаи фарзанди фарзонаи миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисозанд. Сад шукр, ки мо ба чунин рӯзҳои орому осуда ва саодатбори миллати азияткашидаи тоҷик расидем ва имрӯз кишвари азизам аз самари сулҳу субот ободу чароғон, пешрафтаву мутаррақӣ ва машҳури ҷаҳон аст.
Бо умеди саодатмандии халқи азизам ва абадияти сулҳу суботи сартосарии кишвар, ҳарфи диламро дар байте ифшо месозам:
Ваҳдатат поянда бодо, Тоҷикистон кишварам,
Бо ливои дӯстӣ машҳур дар баҳру барам!
Барои насли ҷавони кишвар таърих гувоҳ аст, ки ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комил барои миллати тоҷик осон ба даст наомадааст. Оғози ин роҳ барои халқи азизам ниҳоят гарон афтодааст. Барои ба даст овардани ваҳтати комил чиқадар фарзандони фарзонаи миллат ҷони худро аз даст додаанд, то ин ки ин диёр ва мардуми шарифи он орому осуда зиндагӣ намоянд. Ҳамонгуна, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамояд, ки «Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад».
Дар робита ба ин, ҳамчун як тан ҷавони саодатманди диёр аз ҳамсолон ва кулли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистони маҳбуб даъват ба амал меорам, ки мебояд ҳар яки мо аз сабақи гузаштаи таърихи начандон тулонӣ дарси ибрат гирем, муттаҳиду сарҷамъ бошем, тавониста бошем, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намоем ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорем.
Ҳамчуноне, ки шоир мефармояд:
Вақте ману ту моем, ваҳдат ба миён ояд,
Якрӯяву якроем, ваҳдат ба миён ояд.
Дар ин росто, мо ҷавононро лозим меояд, ки ҳарчи бештар кӯшиш намоем, аз шароитҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат самаранок истифода бурда илм омӯзем, забон аз худ намоем ва техникаву технологияи навинро аз бар намоем. Тавониста бошем, ки тавассути донишҳои андухтаи худ барои ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар ҳар кореро бо масъулияти баланд ва худшиносиву худогоҳӣ анҷом диҳем. Зеро фардои Ватан ва ояндаи миллат, ободу осуда гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Ҷашни Ваҳдати миллиро ба кулли ҳамватанонам табрику шодбош мегӯям!

Меҳрона МУСОЕВА, донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Back to the list