KGU

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗА ВОБАСТА БА ИФРОТГАРОӢ

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗА ВОБАСТА БА ИФРОТГАРОӢ 29.08.2022

БАЪЗЕ МУЛОҲИЗА ВОБАСТА БА ИФРОТГАРОӢ

Проблема - мушкилот дар ҷаҳони муосир хеле зиёданд. Вале мушкилоти №1 ин ифротгароӣ ва терроризм - падидаи номатлуб, ғайриқабул ва ғайринсонӣ мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Аксари мамолики ҷаҳон бо ин вабои аср мубориза эълон намудаанд.

Терроризм ин падидаи номатлуби иҷтимоию сиёсиест, ки заминаҳои онро зиддиятҳои иҷтимоӣ ташкил менамоянд ва характери динию экстремистӣ доранд. Дар он усул ва шаклҳои маҷбурнамоӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Таҳлили этимологии вожаи «терроризм» нишон медиҳад, ки ин калима аз ҷиҳати пайдоиш лотинӣ буда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» мебошад. Амали террористиро бошад ташкилоту гурӯҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ мекунанд.

Дар замони муосир хатари ҷиддӣ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва амнияти миллии ин ё он давлат, тақсимнопазирии ҳудуд, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии шаҳрвандон зоҳиршавии экстремизм дар ин ё он шакл таҳдид мекунад. Махсусан экстремизм он вақт хавфнок аст, ки таҳти шиори динӣ баромад мекунад. Ин ба пайдошавӣ ва авҷ гирифтани низоъҳои байни этникӣ ва байни мазҳабҳо оварда мерасонад.

Бояд тазакур дод, ки Тоҷикистон дар ин ҷода яке аз мамлакатҳои пешгом ва фаъол ба шумор меравад. Яке аз аввалин шахсиятҳое, ки мубориза ба муқобили терроризмро дар СММ пешниҳод карда буд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳанӯз чанд сол қабл роҳбари мамлакати мо ҷомеаи ҷаҳониро ба муборизаи дастҷамъона бо ин падидаи номатлуб даъват намуда буданд.

Гузашта аз ин, тӯли солҳои зиёд Тоҷикистон ва роҳбарияти он як лаҳза ҳам муборизаро бо ифротгароӣ ва терроризм суст накардааст. Сиёсати мамлакати мо дар ин самт якрӯ ва якнавохт аст.

Бо роҳбарии Президенти муҳтарами мамлакат барои пешгирии ин мушкилот барномаҳои зиёде роҳандозӣ шудаанд. Яке аз чунин барномаҳо қабул намудани ҳуҷҷати бисёр муҳим - «Стратегияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2020» мебошад. Аз ҷумла, қайд карда мешавад, ки ифротгароӣ як мушкилоти маҷмӯӣ аст. Яъне, проблемаҳое, ки дар ҷомеа вуҷуд доранд, метавонанд барои ифротгаро шудани ҳар як фарди ҷудогона мусоидат кунанд. Манзур аз ин гуфтаҳо метавонад проблемаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ паст будани саводи диниву дунявӣ, сатҳи зиндагӣ ва ғайра бошад, ки ин бо муболиғону ташвиқгарон баҳонаи хубе шуда метавонад. Аз ҳамин сабаб барои бартараф намудани мушкилот дар тамоми самтҳои зиндагии мардуми Тоҷикистон чораҳои мушаххас ба роҳ монда шудаанд.

Аз паст намудани сатҳи камбизоатӣ то дастовардҳои беназари илмиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ намунаи барҷастаи фаъолиятҳои давлату ҳукумат мебошад, ки аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун мамлакати рӯ ба тараққӣ эътироф гардидааст.

Сохтмону мавриди истифода қарор гирифтани садҳо иморатҳои илмӣ, таълимиву фарҳангӣ ва тандурустӣ исботи гуфтаҳои болост.

Барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани наврасону ҷавонон бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон даҳҳо барномаҳои бузург роҳандозӣ шудаанд ва то ҳанӯз давом доранд. Мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олие, ки дар Тоҷикистон сохта шудаанд, ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ муосир ҷавобгӯ буда, дар баъзе кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ҳатто кам дида мешаванд.

Имиджи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир хеле баланд аст. Обрӯву нуфузи мамлакати мо дар миқёси ҷаҳонӣ бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Тоҷикистон ташабускори бузургтарин пешниҳоду лоиҳаҳо дар масъалаи об ва истифодаи он, экология, мубориза ба муқобили ифротгароӣ ва терроризм мебошад.

Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои амтарин ва пойтахти он шаҳри Душанбе ба 7-гонаи пойтахтҳои бехавфи дунё шомил шуда, мавзеъҳои сайёҳии он ба қатори беҳтарин минтақаҳои сайёҳии олам дохил карда шудааст ва ҳатто департаменти сайёҳии ШМА, ки дар масъалаи иҷозати шаҳрвандони худ бисёр эҳтиёткорона рафтор мекунад ва мавзеъҳои хубтаринро интихоб мекунад, барои сайёҳат ба Тоҷикистон шаҳрвандони худро тавсия додааст. Ҳамаи муваффақият ва бурдбориҳо ифтихори мо мебошад.

Дар мамлакати мо барои пешбурди тамоми намуди фаъолият, ки барои пешравии зиндагии шахсӣ ва ҷомеа мебошад, иҷозат дода шудааст. Ҳазорон ҳазор ҷавонони мо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Сатҳи маънавию фарҳангии мардуми мо нисбат ба солҳои пешин хеле боло рафтааст, ки ин аз пешравии сиёсати пешгирифтаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо чунон ки роҳбари давлат худашон мефармоянд, мушкилот вуҷуд доранд ва вобаста ба ҳаводиси ҷаҳони имрӯз мо бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Дар масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мо бояд аз мубалиғони дуруғин ин равия чанд қадам пеш бошем, чунки ифрогароён рӯз то рӯз модели тарғибу ташфиқи худро ба тариқи технологияи муосир ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ва иҷтимоӣ пурзӯр карда истода, барои ҷалби ҷавонони нохудогоҳи тоҷик тамоми роҳу воситаҳоро истифода мебаранд. Бинобар ин дар ҷаҳони бо суръат рушдкунандаи илму техника ва ҳаводиси рӯз ба рӯз тағйирёбанда мо бояд ҳамқадами замон бошем ва аз дастовардҳои нав ба нави он бохабар будани мо вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.

Онҳо барои ҷалби ҷавонони ноогоҳу сабукандеш тамоми роҳу усулҳоро истифода мебаранд, то дар доми худ афканда дар тафаккури ӯ андешаҳои ботилро ҷой намоянд.

Аз адолати иҷтимоӣ сар карда то нозуктарин масъалаҳои динӣ мавзӯи таблиғоти ин ашхос ба шумор меравад. Аз ҳама чизи дардноктар ин аст, ки ин гурӯҳ ё табақаи «адолатҷувӯ адолатхоҳ» боре ҳам дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон як калима намегӯянд.

Як гурӯҳи бо ном «ҷабрдидаҳо», ки аз ҳисоби хазинаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷайби мардум миллионҳо - миллион долларро ба яғмо бурдаву имрӯз гуреза шуда, дар хориҷа зиндагии шоҳона доранду дар ҳаққи ин давлат бадгӯӣ мекунанд, боре ба худ савол надодаанд, ки миллионҳои онҳо аз куҷо ҷамъ шудааст? Ё худ чандин ҳазор нафарро қурбони фитнаҳову дуруғҳояшон кардаанд.

Бархе аз онҳо аз нуқоти дур аз мамлакати мо ба мақсади тақсими вазифа Тоҷикистонро Ватани ҳамагуфта ба мардум зиндагии «Шоҳона» ваъда мекунанд ба кадом роҳ? Фикр мекунанд, ки дар ҷаҳони муосири муборизаи абарқудратҳо роҳбари давлат будан кори осон аст?

Мардуми Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиабори ин дассисабозиҳои пасипардагиро ҳанӯз ҳам фаромӯш накардаанд. Мо насли калонсол душвориҳои он замонро хуб ба ёд дорем, вале онро ба насли ҷавон ҳаррӯзу ҳар соат фаҳмондан лозим, чунин ҷавонон табақаи осебпазири ҷомеа буда, ҳар чизи навро дар шаклҳои гуногун ба худ қабул намуда, ояндаи хешро тира месозанд.

Ба бахти мо ва фарзандони мо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавон бузургтарин иқдомҳоро пеша намудааст. Бо супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани соли 2017-ро «Соли ҷавонон» намунаи ғамхориҳои олитарини роҳбари ҷавонпарвари тоҷик мебошад, ки ин дар тарбияи маънавии насли ҷавон нақши муҳим мебозад.

Супоришҳои сарвари давлат дар тарбияи насли ҷавон назди мо зиёиён вазифаҳои масъулиятнокро мегузорад, ки ин вазифаи ҷонии ҳар яки мо ба шумор меравад. Дар фароварди сухан тақвият бахшидану боз ҳам пурзур намудани корҳо дар пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро мувофиқи таҳлилу муқоисагузориҳо корҳои зеринро ба ҷо овардан лозим аст:

1. Ба андешаи банда дар мадди аввал муборизаи идеалогӣ (ғоявӣ) меистад. Бад-ин восила аввалан аз ҳисоби шахсиятҳои ватандӯсту ватанпарасти дорои ҷаҳонбинии васеъдошта ва мутахассисони хуби технологияҳои иттилоотӣ ва донандагони забонҳои хориҷӣ махсусан, англисӣ, русӣ ва арабӣ ба роҳ мондани мубориза ба тариқи шабакаҳои интернетии маъмулу машҳури ҷаҳонӣ, инчунин ба ин раванд шомил намудани уламои дин низ ҳатмӣ аст. Ва онҳо бояд дар ин бархурди ғояҳои динӣ боҷуръатона ва бо факту далелҳои аниқ вокунишоти шадид нишон диҳанд;

2. Фаро гирифтани қишри наврас ва ҷавони ҷомеа боз ҳам бештар ба таълиму тадрис, чунки новобаста ба муҳити зист ва қабул намудани иттилоот ҷаҳонбинии шахс дар муассисаҳои таълимӣ тавассути муаллимону устодон васеъ мегардад. Хоҳ нохоҳ дараҷаи ташаккули маънавиёти донишҷӯ аз шахси таҳсилнокарда фарқ мекунад. Беҳуда Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон дар бораи боз ҳам зиёдтар намудани мактабу муассисаҳои олӣ ва касбӣ бештар намудани шумораи донишҷӯён иброза накарданд. Дар хусуси муҳиммияти саводомӯзиро махсус қайд намудаанд: «Аз одами бесавод, чаласавод босавод хубтар аст».

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳое, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд, ашхоси таҳсилнокарда мебошанд. Махсусан таҳсил дар мактаби олӣ хеле муҳим мебошад. Муҳити донишгоҳҳо ҷаҳонбинии шахсро васеъ мекунад;

3. Боз ҳам зиёдтар намудани ҷойҳои корӣ чӣ аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ. Махсусан давлатӣ, чунки бо ин восила сатҳи зиндагии мардум ҳам беҳтар мешавад ва ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ тавассути роҳбарияти корхонаҳо ва шахсони масъул дар ҷаласаҳо ҷоннок карда мешавад. Шахсе, ки дар корхонаи давлатӣ кор мекунад, масъулиятро бештар эҳсос мекунад;

4. Ҳамеша таҳти назорат қарор додани ашхоси бо ном партови иҷтимоӣ (моргинал) яъне нафароне, ки худро барои ҷомеа нолозим ҳисоб мекунанд ва ҷомеа низ, онҳоро нолозим меҳисобад ё дар рӯҳияи ноумедӣ қарор дорад. Ин гурӯҳ хоҳ нохоҳ аз гардиши ҷомеа дур шуда дар онҳо рӯҳияи ноумедӣ, дилсардӣ, рӯҳафтодагӣ ва хафагӣ нисбат ба ҷомеа мушоҳида мешавад. Хафви ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ шомил шудани ин ашхос аз эҳтимол дур нест ва хатари чунин афрод ба ҷоме зиёдтар аст;

5. Сари вақт ошкор намудани муҷозоти ашхосе, ки ҳуввияти миллӣ надоранд ва ҳисси бегонапарастӣ дар онҳо зуҳур кардааст. Чунин хиёнат ба арзишҳои миллӣ, хиёнат ба Ватан ва халқу миллат аст.

6. Истифода аз беҳтарин равоншиносон дар усули коркарди афкори ҷомеа. Равоншиноси хуб дар кадом рӯҳия қарор доштани инсонро хуб пайхас мекунад;

7. Дар намоишҳои телевизионӣ сиёсатшиносони варзида фикру андешаи худро алоҳида-алоҳида иброз медоранд, ки ин басанда нест. Бояд аз ҳисоби олимони сиёсатшинос, ашхоси ҷамъиятӣ ва давлатӣ журналистони варзида ва уламои дин барномаҳои телевизионӣташкил карда шавад. Моҳияти асосии барномаҳо мубориза бар зидди ифротгароӣ – иртиҷоипарастӣ ва оқибатҳои нангинӣ он ва паҳлуҳои манфию зараҳои он бошад;

8. Ҳарчи зиёдтар муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ ба хатму таҳсиси макотиби олӣ то рӯҳияи онҳо аз касби интихобнамуда ва органҳои давлатӣи коста нагардад. Бекорӣ касро ба ҳар роҳ бурданаш мумкин;

9. Дар пешгирии терроризму экстремизм афкорсозии насли наврасу ҷавон хеле муҳим аст. Тарбияи ватандустӣ бояд аз боғча оғоз гардида, сипас дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ баъдан дар мактаби олӣ идома ёбанд;

10. Дар барномаҳои таълимӣ ҷой намудани фанҳои махсус вобаста ба мубориза ба ифротгароӣ – иртиҷоипарастӣ (албатта бо ягон номи замонавӣ) ва ба роҳ мондани тадрис аз ҷониби омӯзгорони ботаҷрибаву донишвар;

11. Билохир аз ҳама кори муҳиму асосӣ таъмини адолати иҷтимоӣ дар байни ҷавонон ё имкониятҳои баробар хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Чунки мушоҳида нишон медиҳад, ки имрӯзҳо ифротиҳо аз кам будани адолати иҷтимоӣ ва ё осебпазир будани он истифода бурда, ҷавононро ба ҳар гуна ҷараёну ҳаракатҳои тунгаро ҷалб мекунанд;

Дар охир ба ҳама ҷавонони тоҷик сарбаландӣ, шодкомӣ, бурдборӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номуси миллаӣ, ифтихор аз давлату ҳукумат ва сарзамини хеш таманно дорам.

 

Тоҳиров Шермуҳаммад, омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ бо методикаи таълими они ДДК ба номи Абӯбдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list